Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар "Туркманнефт" ихтисори кормандон ва соати корӣ оғоз шуд

Дар "Туркманнефт" ихтисори кормандон ва соати корӣ оғоз шуд

27-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Дар "Туркманнефт" ихтисори кормандон ва соати корӣ оғоз шуд
Дар ҷаласаи охири чанд зерсохтори ширкати "Туркменнефт"-и Туркманистон роҳбарият эълон кардааст, ки қисме аз кормандон аз кор хориҷ хоҳанд шуд ва ҳамчунин рӯзи корӣ кутоҳ хоҳад гардид.

Ба вижа, дар раёсати таъмириву сохтмонии ширкати давлатӣ сар аз 1 сентябр ҳамаи кормандони идорӣ ба рӯзи кории 4-соата гузаронида мешаванд ва 75 корманд комилан озод карда хоҳанд шуд.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, тартиби муайяне дар ин ихтисор вуҷуд надорад. Дар ҳар бахше бо шеваи худ рафтор мекунанд, дар аксари маврид хоҳиши роҳбарият авлавият дорад. Барои он ки ихтисори сартосарӣ рух надиҳад, барои бархе аз кормандон рӯзи кории нопурра пешниҳод мекунанд. Ҷое кормандонро ба ду гуруҳ тақсим кардаанд: қисме ҳафтаи кориро шуруъ мекунад қисми дигар онро ба охир мерасонад.

Дар бархе аз шуъбаву бахшҳо комилан аз баҳри нафақахӯрон гузаштаанд. Акнун навбати афроди синну соли наздик ба нафақа расидааст.

Ёдрас мешавем, 15 июл дар ҷаласаи девони вазирони Туркманистон президенти ин кишвар вазорати нафту газ ва ҳамчунин оҷонсии давлатии идора ва истифодаи захоири табииро барҳам дод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: