Фаронсавиҳо ТВ "Россия 24"-ро дурӯғгӯ хонданд24-05-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Барномаи Le Petit Journal, ки аз тариқи телевизиони машҳури фаронсавии Canal+ пахш мешавад, номутобиқатии гузориши Дмитрий Киселевро ба воқеияти Фаронса ошкор кард. Гузориши Кисилев тариқи телевизиони "Россия 24" нашр шуда буд.
Шабакаи телевизионии Русия дар бораи фаронсавиҳои машкук ба Иттиҳоди Аврупо, ки "аз нуфузи муҳоҷирон хаста шудаанд", гузориш таҳия карда буд. Дар ҳамин ҳол, дар ин гузориш наворҳои куҳнаи норозигии фаронсавиҳо аз тарҳи нави қонуни меҳнат нашр шудаанд. Рӯзноманигори телевизиони фаронсавӣ мегӯяд, ин наворҳо ба шакки фаронсавиҳо нисбати Иттиҳоди Аврпуо рабте надоранд. Дар гузориши "Россия 24" бо фаронсавиҳо - шуруъ аз эътирозгарони қаторӣ то котиби давлатии пешини Фаронса Брюно Ле Мэром мусоҳиба шудааст. Суханони мусоҳибон дар зери садои баланди тарҷума монда, маъниашон тағйир дода шудааст. Рӯзноманигорони фаронсавӣ қаҳрамонони барномаи Дмитрий Киселевро пайдо карда ва барномаи "Россия 24"-ро барояшон нишон додаанд. Ҳамаи қаҳрамонон гуфтаанд, ки суханҳояшон таҳриф шуда ва ҳатто маънии гуфторашон барғалат садо додааст. Ҳамчунин дар гузориши "Россия 24" ғасби литсей аз сӯи муҳоҷирон нишон дода шудааст. Ба гуфтаи "Россия 24", ин литсей гӯё баъди ҳамлаи муҳоҷирон баста шудааст. Вале дар воқеъ, литсей дар соли 2011, чанд сол пеш аз вуруди сели муҳоҷирон ба Аврупо баста шуда буд. Дар охири гузориши Canal+ қаҳрамонони барномаи Киселев аз рӯзноманигорони Русия даъват мекунанд, ки барномаҳои воқеӣ омода кунанд. Қаҳрамонон меафзоянд, худро таҳқиршуда ва фурухташудаи телевизиони Русия эҳсос кардаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.