Корпартоии муҳоҷирон дар сохтмони варзишгоҳи ҶҶ-201827-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Бештар аз 250 муҳоҷири меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ, ки дар сохтмони варзишгоҳ барои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Нижний Новгороди Русия кор мекарданд, бино бар напардохтани музди меҳнаташон коршиканӣ карданд.
Ширкати "Ма-На Строй" - пудратчии сохтмон маоши думоҳаи коргаронро напардохтааст ва муҳоҷирон аз тарси ин ки бе маош хоҳанд монд, корпартоӣ кардаанд. "Тибқи шартнома, пудратчӣ метавонад танҳо то 30 рӯз маоши моро нигаҳ дорад. Аз ҳамин хотир мо шуруъ аз ин моҳ коршиканӣ кардем. 9 рӯз аст, ки бе кор нишастаем. Мо наздики 250 ӯзбек ва 10-15 тоҷик ҳастем... Ба ҳар сурат ин лоиҳаи сатҳи ҷаҳонӣ аст", - гуфтааст як муҳоҷир бо исми Улуғбек ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ. Бино бар бовари муҳоҷирон, сабаби напардохтани маоши онҳо буҳрони моливу иқтисодӣ дар Русия аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.