Ташкилоти ибтидоии «Корхонаи ордбарорӣ»16-12-2016, 12:27
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Дар арафаи ҷашнгирии 22- солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Корхонаи истеҳсоли ордбарории ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон В. Темурбеков ташкилоти ибтидоии «Корхонаи ордбарорӣ» таъсис ёфт.
Сардори Корхонаи истеҳсоли орд Аламхон Убайдуллохонов афзуд, ки ин Корхонаи истеҳсоли орд бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон бунёд гардида, иқтидори истеҳсолиаш дар як шабонарӯз 60 тонна орди навъи якум, дуюм ва 8-12 тонна сабӯс мебошад. Дар ин корхона зиёда аз 33 нафар аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд ва нархи ордро дар бозорҳои шаҳри Хоруғ ба танзим даровард. Раиси Кумитаи иҷроия В.Темурбеков коргарони ин корхонаро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» Барнома, Оиннома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба ҲХДТ шинос намуда, дар бораи мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи имрӯза ба ҳозирин ахборот дод. Коргарони ин корхона якдилона розигии худро барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ доданд. Дар охири маҷлис бо розигии ҳамаи коргарон сардори корхонаиордбарорӣ Аламхон Убайдулохонов раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ интихоб гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.