Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САНАИ ХОТИРМОН

САНАИ ХОТИРМОН

14-12-2016, 10:06
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 0
САНАИ ХОТИРМОН

Бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли равон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъомади бошукуҳ баргузор гардид, ки дар он раҳбарияти ноҳия, аъзои кумитаи вилоятиву ноҳиявии ҲХДТ, собиқадорони ҳизб, намояндагони ҷавонон ва меҳмонон ширкат доштанд. Чорабиниро Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси кумитаи иҷроияи ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки хидмати ҳизб дар самти баҳамоӣ ва ваҳдати сокинони кишвар, эҳё ва ташаккул додани давлатдории миллӣ ва дар ин замина таъсири мусбиаш расондан ба рушди институтҳои сиёсии кишвар ва иқтисодиёту иҷтимоёти он хеле бузург аст:
-Ҳадафи асосии ҲХДТ-муттаҳид сохтани қувваҳои созандаи кишвар барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории миллӣ буда, таъмини зиндагии шоистаи мардум такя ба барномаи ҳизб аст, ки се самти асосӣ -раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавор сармашқи кори худ қарор додаст. Имрӯз ҲХДТ, таҳти раҳбарии Сарвари Муаззами он, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозӣ намудани барномаҳое, ки ба самти рушди кишвар, боло бардоштани сатҳи накӯаҳволии сокинон ва таъмин намудани суботи сиёсӣ равона шудаанд, ба муваффақиятҳо ноил гардидааст, ки аз сиёсати хирадмандонаи раҳбарияти ҳукумати мамлакат ва барномаҳои ҳизб гувоҳӣ медиҳад,- изҳор дошт М. Ҳалимов.
Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдуҷаббор Баҳодурзода зимни баромади хеш ҳозиринро ба муносибати ин сана табрик гуфта, зикр намуд, ки ҳоло ҲХДТ дар майдони сиёсии кишвар мавқеашро рӯз то рӯз устувор карда истодааст. Вай аз таърихи таъсисёбии ҳизб ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт:
-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи вазнину пурошӯби таърихи Тоҷикистони тозаистиқлол арзи ҳастӣ намуд. Дар он айёми душвору сарнавиштсози миллат, ки акнун ҳатто бародар ба бародари худ эътимоду эътиқоде надошт, бо мақсади муттаҳид ва сарҷамъ намудани қувваҳои солиму рӯшанфикр, таъмини пурраи истиқлолияти давлативу миллӣ, фаро гирифтани фазои холии сиёсии кишвар, ки он замон ҷуз ҳарзаву ёвахониҳои «сиёсӣ» чизе дар он набуд, барои ба меҳнати бунёдкорона бозхондани мардуми заҳматкаш ва дар замири эшон бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ Ҳизби Халқии Тоҷикистон (баъдан ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдили ном кард) ба арсаи сиёсии кишвар ворид гардид. Аз оғози ташкилёбии ҳизб фаъолону сокинони ноҳия барномаи онро дастгирӣ намуда, шомилшавӣ ба сафи он пайваста рӯ ба афзоиш аст. Имрӯз мардуми Тоҷикистон сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳуриро, ки самараашро мо дар мисоли бунёд иншооти муҳими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву таълимӣ, роҳу пулҳо ва амсоли ин ободкориҳо баръало мушоҳида мекунем, пурра ҷонибдорӣ мекунанд. Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар ин радиф истисно набуда, солҳои охир дар миқёси он корҳои зиёди ободкорӣ ба анҷом расидаанд ва дар тамоми соҳаҳо пешравӣ дида мешаванд, ки ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони он таъсири мусбат мегузорад.
Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таҳлил, тарғиб ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ афзуд, ки дар низоми имрӯзаи давлатдории миллӣ нақши ҳизби пешбар дар пешбурди сиёсати созанда хеле муассир аст:
-Ҳоло теъдоди ҷонибдорони ҳизб рӯ ба афзоиш аст, ки нишонаи фаъолияти пурсамари он дар тамоми соҳаҳои кишвар мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯли 22 соли фаъолияти хеш нишон дод, ки барномаи дақиқи рушди кишварро дорост ва тамоми ободониҳои ҷумҳурӣ бо ин ҳизби дар ҳақиқат мардумӣ рабти бевосита доранд. Дар Анҷумани 12-и пешазинтихоботии Раёсати КИМ ҲХДТ дар 7 самт ва 21 бахш барнома қабул шуд, ки марҳила ба марҳила роҳандозӣ мегардад ва он барои муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум равона шудааст.
Ҳамчунин собиқадорони ҳизб, намояндагони қишри ҷавон ва дигар соҳаҳои ноҳия баромад намуданд. Як тан аз намояндаи насли ҷавони ноҳия-Ҷамшедзода Малоҳати Хуршед соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ гардид, ки ботантана ба ӯ супурда шуд.
Бояд зикр намуд, ки бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар кишвар нахустин аст, ки соли 2011 тариқи ҳашар бунёд ёфтааст. Имрӯз барои амалӣ шудани ҳадафҳои барномавии ҳизб баробари 27 аъзои кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 200 нафар вакилони халқ дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ (вилоятиву ноҳиявӣ), ҷамоатҳо, ки аз ҷониби ҲХДТ пешбариву интихоб шудаанд, ҳамчунин 27 узви гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, пайваста саҳмгузор ҳастанд.
Сипас, дар чорчӯбаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид, ки он хеле хотирмон гузашт. Дар анҷоми ҷамъомади ҷашнӣ ба собиқадорони ҳизб, намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия Ифтихорномаву Сиснмва ншонҳои сарисинагӣ супурда шуанд.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: