Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Корхонаи истеҳсоли тиллои «Пакрут» ахири моҳи октябр ба кор медарояд

Корхонаи истеҳсоли тиллои «Пакрут» ахири моҳи октябр ба кор медарояд

1-10-2015, 10:00
Хабарро хонданд: 452 нафар
Назарҳо: 0
Корхонаи истеҳсоли тиллои «Пакрут» ахири моҳи октябр ба кор медароядНахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 30 сентябр аз корхонаи истеҳсоли тиллои ҶДММ «Пакрут» дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат боздид намуд. Корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Ширкати давлатии Чин оид ба истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои ранга (CNG) таъсис дода шудааст.
Бино ба маълумоти котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода бо ҷараёни насби таҷҳизот дар корхона, макони истихроҷи ашёи хом ва анбори захираи маҳсулоти тайёр аз наздик шинос шуд.
Ба нахуствазир маълумот дода шуд, ки иқтидори корхона дар марҳилаи аввал истеҳсоли 2 тонна тиллоро ташкил дода, дар марҳилаи дуюм аз соли 2018 иқтидори он ба истеҳсоли 4 тонна тилло дар як сол мерасад.
Тибқи нақша корхона аллакай аз охири моҳи октябр ба истеҳсоли маҳсулот оғоз мекунад. Дар ин корхона ҳудуди 1 ҳазору 300 нафар мутахассисон бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд, ки 60%-ашро шаҳрвнадони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.
Нахуствазир ба масъулини вазорату идорахои дахлдори кишвар ҷиҳати саривақт ба кор даровардани корхона ва фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат барои ҳайати шахсӣ дастуру супоришҳо дод.
©Аваз Юлдошев
©news.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: