Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ниҳоли пурсамари ҲХДТ дар тӯли 22 сол.

Ниҳоли пурсамари ҲХДТ дар тӯли 22 сол.

10-12-2016, 08:24
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
  Ниҳоли пурсамари ҲХДТ дар тӯли 22 сол.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 22-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки зиёда аз 500 нафар аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ Гулмуродзода Қумриниссо кушода, ҳозиринро ба ин санаи муҳими таърихӣ муборакбод намуд. Ӯ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва дастоварди Истиқлолияти кишвар буда, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда дорад. Сипас муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан низ ҳизбиёни шаҳрро ба ин рӯз табрик намуда, аз дастовардҳои ҲХДТ дар тӯли 22 сол ҳарф зад.
  Ниҳоли пурсамари ҲХДТ дар тӯли 22 сол.
Дар фарҷом хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар бораи ҲХДТ шеърҳо қироат намуда, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» бо барномаи консертӣ хотири ҳозиринро болида гардонданд. Дар ҳамин рӯз Гулмуродзода Қумриниссо бо сарбозону афсарони қисми низомии дар шаҳр воқеъбуда вохӯрӣ намуда, сипас аз тарафи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба онҳо зиёфати идона дода шуд.

Мудири шуъбаиаблиот, Савзалӣ Зоиров иттилоот ва м
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: