Муроҷиатномаи намояндагони аҳли адаби тоҷики Самарқанд ва диаспораи самарқандиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон16-09-2015, 08:58
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 0
Камина, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, аз номи аҳли адаби тоҷик ва тоҷикони Самарқанд, ҳамчунин аз номи диаспораи самарқандиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар равшанфикрони Осиёи Марказӣ ва аъзои фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳодисаҳои охири Тоҷикистон тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои интернетӣ бохабар гардида, нигарон шудем. Аз ҳамин лиҳоз, тасмим гирифтем, ки вокуниши худро нисбати ҳодисаҳои 04-уми сентябри соли 2015 баён кунем. Мо дар ин рӯзҳои барои Тоҷикистон ҳассос бетараф нестем. Амалҳои террористии гурӯҳи собиқ ҷонишини Вазири мудофиаи Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалимро маҳкум менамоем. Мо гуфтанӣ ҳастем, ки ба қавли мардуми тоҷик «Намакро хӯрда, набояд дар намакдон туф кард». Назарзодаро нону намаки Ҳукумати ҶТ кӯр мекунад. Зеро то ба рутбаи баланди низомӣ расида, бо истифода аз ин рутба ва мансаби ишғолнамуда соҳиби обрӯ ва эътибор шуда, инчунин сармоя ва молу мулки зиёдеро соҳиб гашта (чӣ тавре ки дар телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд) ва дигар манфиатҳоро пос надошта, бо ношукрӣ ба ин амали нангин – хиёнат ба Ватан, ҳуҷуми мусаллаҳона ва ба рехтани хуни ноҳақ даст задан, гуноҳи нобахшиданӣ, вазнин ва кабир аст.
Шукри неъмат неъматат афзун кунад, Куфри неъмат аз кафат берун кунад! Мефармояд Мавлавии бузургвор. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки халқи тоҷик амалҳои хиёнаткоронаи бадкоронро хуб эҳсос менамояд. Муайян ва дақиқ аст, ки дар паси онҳо қувваи ноаён, зери ниқоби ислом вуҷуд дорад. Онҳо солҳои 90-уми асри гузашта ҳам, ба сари миллати тоҷик фоҷиа бор карда, ҷанги бародаркушро оғоз намуда буданд. Бинобар он, имрӯз ҳам мехоҳанд нақшаҳои ғаразноки худро ба сари халқ таҳмил намоянд. Дар ин ҷо бояд бо сӯзи дил бигӯем, ки акси садои воқеаҳои нангини солҳои навад, ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон ва ин рӯйдодҳои ахир ба мо, хусусан ба тоҷикони Самарқанд таъсири ногуворе мерасонад. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ медонем, ки ҳар чӣ зудтар фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҷумҳурӣ қатъ карда, ояндаи дурахшон, субот ва оромии Тоҷикистон таъмин карда шавад. Чунки таҳлили воқеаҳои солҳои 1990 ва 1992-1997 шаҳодат медиҳад, ки агар дар ҷомеаи Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ идома ёбад, омилҳои гуногуни хатарзо ба амнияти мамлакат боқӣ мемонад. Барои мисол, бубинед, ки дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон), ки аҳолии онҳо ҳам мусулмон ҳастанд, бе ҳизби исломӣ рушду нумуъ доранд. Ин таҷрибаро Тоҷикистон бояд истифода барад. Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ва гурӯҳи адибони тоҷики Самарқанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.