Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – ФАХРИ ҲАР ЯК СОКИНИ ҶУМҲУРИАМОН МЕБОШАД»

«ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – ФАХРИ ҲАР ЯК СОКИНИ ҶУМҲУРИАМОН МЕБОШАД»

25-11-2016, 09:43
Хабарро хонданд: 419 нафар
Назарҳо: 0





- «Мардуми сарбаланди Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши бориз дорад. Парчами давлатӣ ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад, ки ин фахри ҳар як сокини ҷумҳуриамон мебошад. Қомат афрохтани баландтарин ва пуршукӯҳтарин парчами рӯи замин-Парчами миллии мо дар маркази кишвар аз эҳтироми хоси шаҳрвандони кишвар нисбат ба ин рамзи муҳими давлатдорӣ башорат медиҳад», - иброз намуд Директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр», Хайрулло Раҳимов ба АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон.

Кормандони «Тоҷик Эйр» ба ин рамзи муқаддаси миллӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хосса дошта, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ тамоми шароит ва имкониятҳои заруриро барои парвозҳои бехатари шаҳрвандон фароҳам оварда, дар пешрафту нумӯи кишварамон нақши муассири худро мегузоранд.






***
Маълумотнома: Ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр» соли 1930 ташкил гардидааст. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» фаолияташро бо мақсади интиқоли мусофирон, бору боғоч, ҳамчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоҳо ба роҳ мондааст. Стратегияи «Тоҷик Эйр» аз қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти муштариён, рақобати солим ва иттилои ошкор иборат аст. Фарохии масоҳати парвоз, таъмини амният, эҳтимодият ва ҳузуру ҳаловат вазифаҳои асосии Ширкати «Тоҷик Эйр» мебошад. Имрӯз дар ҶСК «Тоҷик Эйр» зиёда аз 500 мутахассиси соҳаи ҳавопаймоӣ фаъолият доранд. Ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро ба Ҳиндустон (Деҳлӣ), ҶМЧ (Урумчӣ), Эрон (Теҳрон), Қазақистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек) ва Федаратсия Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск) анҷом медиҳад. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҳамчунин парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои дохилӣ ба марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Хоруғ ва вилояти Суғд ба Хуҷанд низ ба роҳ мондааст.




Барои маълумоти иловагӣ муроҷиат намоед:

Ҳадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр»

Моб.: (+992) 88 444 75 00

Тел.корӣ: (+992) 48 701 50 48

E-mail: khairulloev.a@tajikairlines.com

E-mail: pr-aziz@mail.ru

Web: www.tajikairlines.com








Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: