Варзиш – омили саломатӣ25-03-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси соҳибкор, узви КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, Одина Искандар ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол байни ҷавонони ноҳия баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 16 дастаи футбол аз ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд. Бозиҳо шавқовару ҷаззоб сурат гирифта, дар руҳияи дӯстию рафоқат ва якдигарфаҳмӣ идома ёфтанд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа чор даста: Заркорон-1, Заркорон-2, Бозори марказии ноҳия ва деҳаи Кадучӣ ба қисми нимфинал баромаданд. Бозиҳои минбаъда ғолибонро муайян намуд. Дастаи Заркорон-2 ҷои аввал, Заркорон-1 ҷои дуюм ва «Кадучӣ» ҷои сеюмро соҳиб гардиданд. Ба ғолибон мукофотҳои пулӣ аз 500 то 1500 сомонӣ ва кубоку медалҳо тақдим карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.