Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мусобиқаи варзишӣ дар Деваштич

Мусобиқаи варзишӣ дар Деваштич

17-11-2016, 10:28
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
Мусобиқаи варзишӣ дар Деваштич
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар диққату эътибор ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш хеле пурзур гардида, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд. Имрӯз нисбати ин ғамхории Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони кишвар ҷисмонан обу тоб ёфта, Парчами Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои дигар баланд бардошта истодаанд. Бо ҳамин мақсад бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили футбол, волейбол, тенис ва гуштин баргузор гардида истодааст. Имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия мусобиқаи футбол байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гашт. Дастаҳо байни ҳам қувваозмои намуда, дар мусобиқаи мазкур ҷойи аввал насиби дастаи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак, ҷойи дуюм дастаи Ҷамоати деҳоти Яхтан ва ҷойи сеюм насиби дастаи Ҷамоати Муҷун гардид.
Мусобиқаи волейбол байни духтарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия доир гардида, дар қувваозмои ҷойи аввалро муассисаи таълимии №23 деҳаи Нуробод, ҷойи дуюмро муассисаи таълимии №13 деҳаи Зарнисор, ҷойи сеюмро муассисаи таълимии №43 деҳаи Даштикон соҳиб гардиданд. Дигар намуди мусобиқаҳои варзишӣ дар ноҳияи Деваштич идома доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: