Эмомалӣ Раҳмон миллатро ба роҳи дуруст ҳидоят кард13-03-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии Фонди “Диалоги Авруосиё” чанде қабл ба муносибати қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”дар Китобхонаи миллӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ “Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат” баргузор гардид.
Узви пайвастаи Академияи педагогӣ ва иҷтимоии Русия, профессор Нодир Одилов конфронсро ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки ҳамчун Пешвои миллат эътироф шудани Эмомалӣ Раҳмон ғалабаи садоқат бар ҷаҳолат буд. -Агар гӯем, ки мувафақиятҳои ба даст овардаи даврони истиқлолият маҳсули садоқат байни сиёсати давлат ва ҷамъияти шаҳрвандӣ аст, хато намекунем.-гуфт Нодир Одилов,-Боре дар ҷашни Рӯзи Ваҳдат дар ноҳияи Рашт, ҳангоме ки аз назди мардум мегузаштем, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амр кард, то мошинаш истад. Дидем, ки духтараке дар аробачаи маъюбӣ нишаста, дар дасташ қабзаи гул интизори табрик кардани Президент аст. Вақте Сардори давлат назди он духтарак рафт, қабзаи гулро аз дасташ гирифта, пурсид, ки “чӣ хизмат кунам?” Духтарак гуфт: “Шумо хизматро кардед, ин хизмати Шумост, ки мо имрӯз аз хавфу хатарҳо эмин буда, дар вазъияти ором шодиву хурсандӣ карда истодаем”. Чунин мисолҳо зиёданд. Факту рақамҳо баёнгари онанд, ки воқеан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро ба роҳи дурусти таърихӣҳидоят карда, роҳи интихобкардаи ӯ асоси илмӣ дошта, талаботи тамоми миллатҳои ин сарзаминро ифода мекунад. Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода дар суханронии хеш нақши таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди фарҳанги миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Президенти мамлакат кори давлатдории худробо фарҳанг оғоз кард. Фарҳанги сулҳофарии ӯ ибратомӯзи ҷаҳониён аст. Таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ симпозиуму конфросҳо намоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барӯманди миллат, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншоотҳои замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои ҳазорсолаи миллӣ, қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, тавассути баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ дар кишварҳои хориҷӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва амсоли он аз аввалин рӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор доштаву дорад. - Президенти давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз пешвоёни ташаббускор ва пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯз мебошад,-гуфт муовини якуми Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидӣ, – Се ташаббуси Президенти мамлакат доир ба Соли байналмилалии оби тоза эълон намудани соли 2003, эълони“Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”(соли 2013), “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”-ро СММ ҷонибдорӣ намуд. Алҳол дар сохторҳои гуногуни СММ пешниҳоди дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълони даҳсолаи байналмилалии об ба хотири рушди устувор мавриди баррасӣқарор дорад. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣҲабибулло Амирбекзода аз хизматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, чунин гуфт: -Таърихи миллати тоҷик ҳамеша ин корнамоии арзишманд ва беназири Пешвои барӯманди худро дар ёд хоҳад дошт. Ҳамчун Пешвои воқеии миллат шинохта шудан дар муосири таърих ба кам шахсиятҳо муяссар гаштааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти созандаву бунёдкорона ва маҳбубияте, ки байни мардуми кишвар доранд, аллакай ҳамчун Пешвои миллат шинохта шуда буданд. Нишонаҳои он дар эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ мебошад. Ҳабибулло Амирбекзода таъкид намуд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми давлатро дар замони хело ҳассос, ки хавфи парокандашавии давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик бараъло эҳсос мегардид, ба уҳда гирифта, дар як муддати кӯтоҳ шӯълаи умедро дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуд. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Худобердӣ Холиқназар дар бораи саҳми бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат маълумот дода,дар ин роҳи душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор нишон додани Сарвари давлатро ёдрас шуд. - Фаросати азими мардумпарварона ватанпарастӣ ва миллатдӯстии Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки ҷони хешро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда , билохира сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор кард,- гуфт Худобердӣ Холиқназар- Имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва рисолати миллӣ дар Тоҷикистон ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон нишон дод, ки минбаъд тамоми мардуми ҷумҳурӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва эҳтиром карда, сохти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро қабул намудаанд. Худобердӣ Холиқназар пешниҳод намуд, ки ба кӯмаку мусоидати СММ дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи Ваҳдати миллӣ ва фарҳанги сулҳу Пешвои миллат, ки бевосита дар даҳсолаи наздик барои амалӣ кардани манфиатҳои миллии мо, тарбияи насли наврас ва бахусус ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба ваҳдати миллӣ ва фаҳмиши дарк ва қадрдонии сулҳу субот дар Тоҷикистон мебошад, таъсис дода шавад. Ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, академик Носирҷон Салимӣ изҳор намуд, ки асл ва асоси пирӯзиҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созандаи ӯст, ки бо нерӯи иродати бузурги ватанхоҳию ватандорӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама васила ва заминаҳоро муҳаё сохт. Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки ҷомеаро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард. Бо татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар низоми собит ва фазои мусоидро устувор намуд, ки он сарчашмаи ҳамаи бунёдкориҳо, тараққиёт ва сарсабзиҳои кишвари мост. Президенти Академияи таҳсилоти ҷумҳурӣ, профессор Ғуломқодир Бобизода дар бораи хизматҳои Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ёдрас шуд. -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи душвори замони роҳбарии кишвариҷангзадаро ба уҳда гирифтанаш аз як сӯ мардуми овора ва паҳну парешоншударо сарҷамъ намуда, аз сӯи дигар бобати танзим ва рушди самтҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистони маҳбуб тадбирҳо андешид,- гуфт Ғуломқодир Бобизода,-Таъкидҳои Сарвари давлат оид ба таҳсилот, моҳияти тамоми ҳуҷҷатҳои соҳаро ташкил доданд. Таҳсилот ҳамон вазифаҳоеро анҷом медиҳад, ки ҷомеа ва давлат дар назди аҳли он мегузорад. Вақте ки таҳсилот дар симои давлату ҷамеа ҳомӣ пайдо мекунад, мунтазам рушд намуда, вазифаҳояшро беҳтару хубтар анҷом медиҳад. Вай ҳамчун эҳёгари таърих робитаи наслҳоро устувор мегардонад. Иштирокчиёни конфронс аз баргузории чунин як чорабинии сатҳи баланд истиқбол намуда, пешниҳод карданд, ки оянда дар макотиби олии кишвар низ ин гуна конфронсҳо баргузор шаванд.Аз ҷониби сарпарастони чорабинӣ ба Пешвои миллат туҳфаи хотиравӣ эҳдо шуд. С.СУННАТӢ, ҶТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.