Миннатдории “Суғдсинамо” ба кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд8-04-2016, 11:40
Хабарро хонданд: 388 нафар
Назарҳо: 0
Бо дастгирӣ ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон синамои тоҷик аз нав эҳё шуда, сол то сол рушд мекунад. Бо ин мақсад гурӯҳи кории Киностудияи Суғдсинамо мекӯшад дар ин самт саҳми арзандаи худро гузорад. Маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд синамочиёни вилоят тавонистанд филми “12 соли интизориро ” таҳия ва сабт намоянд.
Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори вилоят намоиши филми мазкур диққати ҳамагонро ҷалб намуда, бешубҳа писанди ҳамагон шуда истодааст. Дар нахустнамоиши филми мазкур роҳбарияти Киностудияи Суғдсинамо миннатдории худро ба кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд изҳор дошта, саҳми кумитаи иҷроияро ба назар гирифта бо Сипоснома сарфароз гардониданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд минбаъд мекӯшад дар ин самт дастгириро давом дода, барои рушди синамои тоҷик ва бо ин василаи дастгирии ҷавонони соҳибистеъдодро давом диҳад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.