1-уми сентябр – “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”1-09-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 589 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз аз субҳи содиқ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, падару модарон, устодон омодагии пурра дида, ба сӯи мактаб равон гаштанд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раёсати маорифи шаҳр ҳама корҳои омодагиро дида, муассисаҳои таълимиро сари вақт аз таъмир бароварда, барои соли нави таҳсили 2015-2016 омода сохтанд. Аз он ҷумла, дар МТМУ №6-и ба номи Лоиқ Шералӣ хурсандии толибилмоне, ки нахустин бор ба даргоҳи илму маърифат қадам ниҳоданд, ҳадду канор надошт. Дар оғози чорабинии соли нави таҳсил намояндаи мақомоти иҷроия А.Шоев аз номи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло тамоми хонандагон, омӯзгорон ва падару модаронро ба муносибати оғози соли нави таҳсил “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ” табрику таҳният гуфта, бурдбориҳои нав ба нав дар таҳсил ва рӯзгорашон таманно намуд. Дар баромади раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Т.Наҷидуллоев қайд гардид, ки ҳар он пешравие, ки дар соҳаи маориф ба назар мерасад, самараи соҳибистиқлолӣ ва заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти соҳаи маорифи кишвар дар зарфи 24 сол аст. Аз ин пешравиҳо шукрона бояд кард! Дар пеш ҷашни бузурги умумимиллӣ 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст, итминони комил дорем, ки омӯзгорони муҳтарам, хонандагони азиз садоқати бепоёни худро ба Ватани маҳбуб ва ин ҷашни муқаддас бо меҳнати ҳалолу арзанда, хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ истиқбол хоҳанд гирифт.
Чунин чорабиниҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гаштанд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.