Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Путин истеъфои Асадро ҳадафи дастнорас номид

Путин истеъфои Асадро ҳадафи дастнорас номид

4-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
Путин истеъфои Асадро ҳадафи дастнорас номид
Владимир Путин, президенти Русия мегӯяд, бо пешниҳоди ИМА барои дохил шудани намояндаҳои мухолифин ба ҳайати ҳукумати Сурия розӣ аст, аммо истеъфои Башор Асадро зарур намешуморад.

Путин дар суҳбат бо CNN гуфтааст, истеъфои фаврии Башор Асад, президенти Сурияро зарур намебинад. Ба гуфтаи вай, бо ин роҳ тағйири низом номумкин аст, хабар додааст Садои Амрико.

Президенти Русия изҳор доштааст, ки ҳифзи демократия дар Сурия танҳо бо қабули конститутсияи наву баргузор кардани интихобот бар пояи он имкон дорад.

Путин аз шарҳи суханони Башор Асад, ки гуфт, идораи тамоми қаламрави Сурияро дубора ба даст мегирад, даст кашидааст. Вай ИМА-ро "шарики мо" хонда, даъват намудааст, ки ба раванди гуфтушунид тамоми ҷонибҳои даргир ҷалб шаванд.

Ӯ дар посух ба суоли CNN дар робита ба маъракаҳои интихоботи президентии ИМА изҳор дошта, ки омодааст, бо ҳар президенте, ки амрикоиҳо интихоб мекунанд, кор кунад. Путин ваъдаи Трамп барои барқарории муносибатҳои ҳамаҷониба миёни ИМА ва Русияро баҳои мусбат дод. Аммо дар мавриди Ҳилларӣ Клинтон, номзади эҳтимолии Ҳизби демократ гуфтааст, таҷрибаи зиёди ҳамкории мустақим бо ӯро надорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: