Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сиёсати сазандагию бунёдкорӣ

Сиёсати сазандагию бунёдкорӣ

12-11-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Сиёсати сазандагию бунёдкорӣ

Сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва ободгарии мамлакатро Сарвари давлати Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба роҳбарии ин кишвар расиданаш пеша намуд. Тоҷикистон аз муноқишаҳои дохилӣ хароб гардида, дар он рӯзҳо албатта имконоти моддию молӣ ва ҳатто маънавии рӯ ба бунёдкорӣ овардан надошт, зеро моҳи ноябри соли 1992, вақте ки Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари давлат интихоб гардид, буҷети ҷумҳурӣ хароб ва дигар муассисаҳои бонкию молиявӣ ба яғмо рафта буд.

Бо вуҷуди ин, хислати волои инсондӯстӣ ва дигар раиятпарвариаш Эмомалӣ Раҳмонро водор менамуд, ки мардумро ба сулҳу созиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва аз нав обод кардани Ватани азизи худ ҳидоят намояд. Аз рӯзҳои аввал рисолати созандагӣ ва ободгарии Сарвари давлат Эмомалй Раҳмон оғоз ёфт. Тавре зикр гардид, барои созандагию бунёдкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон маблағ ва техникаю таҷҳизоти кофӣ надошт. Бо вуҷуди ин, азму иродаи Эмомалӣ Раҳмон устувор буд.

Дар таърих ҳастанд шахсоне, ки дар ҷодаи сиёсат бо номи нек дарҷ гаштаанд. Аз рӯзгори шоҳ- Баҳроми Гӯр як ҳикоят оварданием.

Рӯзе Баҳроми Гӯр ба шикор рафта буд. Паси гӯрхаре се-чор фарсанг битохт, то ӯро бияфканад ва ғарази худ ҳосил кунад. Аз лашкар ҷудо афтод. Гармгоҳ бозгашт ва нек ташна шуд. Чунон, ки наздик буд, ки ҳалок шавад ва айёми тобистон буд. Чун ба деҳе расид, деҳқонеро бидид дар боғе нишастааст. Наздики вай асп ронд ва аз вай об хост. Деҳқон чун фару баҳои ӯ бидид, донист, ки амире ё бузурге бошад. Бошаст пеш давид ва инонгирӣ кард. Гуфт: Соате фуруд бояд омад ва бибояд осуд, ки ҳаво нек гарм аст, то рӯз хунук шавад. Баҳром фуруд омад. Деҳқон аспашро ба боғ бурд ва зин фурӯ гирифт, пас бирафт ва қадаҳе оби ангур овард ва ба Баҳром дод. Чун бихӯрд, некаш хуш омад, ки ташнагӣ ба ғоят расида буд. Деҳқонро гуфт: Бирав қадаҳе дигар ор, ки нек болаззат аст.

Чун деҳқон бирафт, то дигар орад, Баҳром дар дил андешид, ки ин боғ сахт хуш аст. Аз ин деҳқон, ба ҳар навъ ки бошад, бибояд харид, то ҳар вақт, ки аз шикор бозгардем, ин ҷо фуруд оем ва соате биёсоем.

Деҳқон бозомад ва қадаҳе дигар бозовард, аммо чун қадаҳи аввал пур набуд.

Баҳром деҳқонро гуфт: Зуд сер шудӣ аз меҳмон? Гуфт: Чӣ гуна ё амир? Гуфт: Аз он ки чун аввал бор пур наёвардӣ. Деҳқон гуфт: Ин бор хӯшаи ангур бузургтару некӯтар аз дарахт ҷудо кардам , аммо ҳар ҳилат кардам, қадаҳ пур нашуд. Баҳром гуфт : Ин нек аҷаб аст, ки аз хӯшаи хурд қадаҳ пур мешавад ва аз хӯшаи бузург пур намешавад! Сабаби ин чӣ бошад? Деҳқон гуфт: Инро ҳеҷ сабабе нест магар ки подшоҳ бар раият дилу нияти бад кунад, шир дар пистони чаҳорпоён ва об дар ҷӯйҳо ва корезҳо ва меваи дарахтон кам шавад ва бебаракативу нуқсон дар ҳама чизҳо пайдо ояд.

Баҳром гуфт: Эй деҳқон рост гуфтӣ. Подшоҳ манам ва ин сабаб аз ҷиҳати нияти бади ман будааст. Андешаи худ ба деҳқон бозгуфт ва гуфт : Тавба кардам ва аз ин андеша бозгаштам ва хироҷи ин деҳро ба ту бахшидам.

Бо овардани ин ҳикоя мақсади мо аз чӣ иборат?

Самимияти олӣ ва ҳисси ватандӯстию инсондӯстӣ ва раиятпарварии ӯро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам хуш пазируфт ва аз роҳи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, воридшавии кӯмакҳои башардӯстона оғоз ёфт. Кӯмакҳои башардӯстона, натанҳо аз хӯрокворию либосворӣ, балки аз масолеҳи сохтмонӣ барои барқарор намудани хонаҳои сӯхтаю валангори мардум иборат буд.

Ин буд, ки дар муддати на чандон тӯлонӣ хонаҳои мардум ва баъзе деҳаҳои валангор аз нав барқарор шуданд. Харобиҳои даҳшатангез аз миён бардошта шуд, зиндагии мардум рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ омад. Сиёсати созандагию бунёдкорӣ натиҷаҳои дилхоҳи худро рӯи кор овард.

Мо аз Президенти худ ифтихор дорем! Мо бо Шумоем Пешвои миллат!

Мунзифахон Маҳмудҷонова,
дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: