Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷавонон нерӯи бузурганд

Ҷавонон нерӯи бузурганд

11-11-2016, 13:38
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
     Ҷавонон   нерӯи бузурганд
Ҷавонон қувваи бузург мебошанд, ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Умуман, ҷавонон дар маркази ҳама гуна таъғйироту табоддулотҳои ҷиддӣ дар тамоми дунё қарор доранд. Масалан, ҷавонон ба мисли Суҳробу Сиёвуш дар таърихи мо дар дифои манфиатҳои миллат ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд, барои истиқлоли Ватан ҷонашонро фидо карда буданд. Имрӯзҳо ҷавонони ба корҳои идораи давлатӣ ҷалбшуда ба пешрафти сарзаминашон хизмати назаррас менамоянд. Бинобар ин, таърихи инсоният гувоҳи он аст, ки ҷавонон неруи созандаи бузург ҳастанд.
Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале ин қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст. Аз ин лиҳоз, ин андешаву хулосаҳо моро водор мекунад, ки боз ҳам ҳамкориву ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷавонони дохил ва хориҷи мамлакатро ба хотири беҳбудии вазъи имрӯз, ки фардои ҷомеаи ҷаҳон аз он вобастагӣ дорад, тараққи бидиҳем. Доир ба таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳангдустӣ ва арзишҳои демократӣ бояд дар тамоми дунё диққати аввалиндараҷа дод. Имрӯзҳо тамоми олам ба ин қишри ҷомеа диққати аввалиндараҷа медиҳанду барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва дониши ҷавонон конфронсу ҷамъомадҳои илмӣ-оммавӣ миёни ҷавонони давлатҳои дусту бародар доир мекунанд.
     Ҷавонон   нерӯи бузурганд
Яке аз чунин вохӯриҳои судманд, миёни ҷавонон ин иҷлосияи махсуси ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти унвони «Ҷаҳон асри 21», ки дар бинои Кумитаи марказии ҳизби «Нур Отан»-и шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид ба ҳисоб меравад. Иҷлосия аз 22 то 29-уми октябр дар шаҳри Остона ҷавонони фаъоли даҳ кишвари дунёро ба ҳам овард. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркия, Беларусия, Монголия, Олмон, Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок ва суханронӣ намуданд. Мақсади асосии иҷлосия мусоидат ба ягонагии минтақаҳои ҷомеаи байналмилалии ҷавонон ва таҳкими амнияти ҷаҳон аз ҷониби ҷавонон буд. Дар доираи вохӯрӣ иштирокчиёни чорабинӣ бо роҳбарияти ҳизби «Нур Отан» мулоқот намуда, оид ба ҳамкориҳои минъбада масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
Сараввал котиби ҳизби «Нур Отан» Фархун Шаймуродович баромад намуда, минатдории худро аз номи роҳбарият ба намояндагони давлатҳои ширкаткунанда расонид. Сипас роҳбари ташкилоти ҷамъияти ҷавонон «Жас Отан» (Ҷавононӣ Ватан) қаноти ҳизби «Нур Отан», ки ҷаласаи мазкур бо ибтикори ҳамин ташкилот роҳандозӣ гардида буд, баромад кард. Мавсуф дар баромадаш қайд намуд, ки мақсад аз баргузории иҷлосияи махсуси ҷавонон «Ҷаҳон асри 21» дар он аст, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон ҷавонон яке аз қишрҳои ҷудонашаванда ва муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд ва аксарияти гурӯҳҳое, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ҷавонони гумроҳро ба гуруҳи худ ҷалб мекунанд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки бо ҳар роҳу усул ақидаи ҷавононро аз ин роҳҳои ғаразнок тоза намуда, барои ояндаи ободу осудаи миллату давлат саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ба хотири пешгирӣ намудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона имрӯзҳо дар дунё ба тарзи назаррасу ташвишовар афзун гардида истодааст, бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд, зеро ин раванд метавонад ба ҷомеаи имрӯза таъсири манфӣ расонаду ҷавононро ба гумроҳӣ барад. Доир намудани чунин ҳамоишҳои ҷавонон ҷиҳати тарбияи насли сазовору бомаърифат ва созанда сарчашма гирифта, он метавонад дар дӯстиву якдигарфаҳмӣ ва ваҳдату якдилӣ байни ҷавонони давлатҳои дӯсту бародар мусоидат намояд. Доир намудани чунин ҳамоишҳо бо иштироки ҷавонони мамоликҳои дӯсту бародар маҳз ба он хотир роҳандозӣ гардидааст, ки ҷавонони фаъол тавонанд ҳамсоли худро аз ҳамроҳ гардидан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро боз доранд.

Рузи дуюми иҷлосия ҷавонон ба мизи мудавар, ки бо ташаббуси Роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дини Ҷумҳурии Қазокистон ташкил гардида буд, даъват гардиданд. Мизи мудаввар оид ба фаъолияти Кумитаи оид ба корҳои дин ва ташкилотҳои динӣ маълумоти муффасал дод. Дар фарҷом ҷавонони даҳ кишвар ба намояндагони Кумита саволу пешниҳодҳо намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд. Ҳамчунин вохӯрӣ бо Роҳбарияти ҳаракати Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Қазоқистон низ баргузор гардид.
Дар рӯзҳои охири сафари корӣ 29-уми октиябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон вохурии махсус бо тоҷикони муқими ин шаҳр ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо тиҷорат ва дигар корҳо машғуланд шиносоӣ намудем. Дар рафти вохӯрӣ ба муҳоҷирон фаҳмонида шуд, ки дар ҳар гушаи дунё, ки бошанд бояд одобу фарҳанги баланди тоҷикиро риоя намуда, интизоми худро намунавӣ нишон диҳанд. Муҳоҷирони корӣ иброз намуданд, ки муносибат нисбат ба онҳо дар ин давлат аз ҷониби шаҳрвандон хусусан аз ҷониби намояндагони сохторҳои қудратӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Аз ин лиҳоз аксарияти муҳоҷирони корӣ бе мамоният фаъолияти худро ба роҳ монда истодаанд.
Дар кори иҷлосия намояндаи Ҷумҳурии мо Роҳбари ташкилоти ҷамъияти ҷавонон «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода баромад намуда, аз фаъолияти сохторҳои кор бо ҷавонон ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳаёти осоишта пешгирӣ аз амалҳои терористию экстримистӣ, муҳаё сохтани шароити мусоид барои ҷавонон ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиёни иҷлосия фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти кор бо ҷавонон муаррифӣ карда шуд. Илова бар ин мо аз минтақаи намоишгоҳи байналмилалии «Экспо-2017» дидан намудем. Дар доираи вохӯрӣ иштирокчиёни иҷлосия бо намояндагон ва роҳбарони мақомоти марказии иҷроия ва қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагони ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва боздид аз ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Остона баргузор гардид.
Дар фарҷоми иҷлосия зикр карда шуд, ки чунин ҳамоишҳо дар тамоми мамолики дунё бо ҷалби оммаи васеъ ва ҷавонон барои ташаккули донишҳои сиёсии ҷавонон, ҷаҳонбинӣ, шиносоӣ бо кору фаъолияти кишварҳои олам мунтазам баргузор гардад. Умед дорем, ки чунин ҳамоишҳо натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меорад ва ҷавононе, ки чун намоянда аз номи ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар дар он ҳузур доранд, барои пешгири намудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористиву экстремистӣ саҳм мегузоранд. Мо ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва барои пешравии сулҳу суботи мамолики дунё ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем.
Мо мардуми тоҷик бахусус ҷавонон дар пайравӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи бунёдкориву созандагӣ ва ваҳдату сулҳофариро пешаи худ қарор додаему, тарафдори баргузории чунин ҳамоишҳои муҳиму таърихӣ мебошем. Бошад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ чунин ҳамоишҳо баргузор гардад.

Зулфиқор Гулаҳмадов
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: