Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аз ҷодаи ҳизб ба Парлумон

Аз ҷодаи ҳизб ба Парлумон

11-11-2016, 10:56
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Аз ҷодаи  ҳизб ба Парлумон


Фирӯза Шарифӣ аз зумраи он бонувони фаъоли шинохтаи кишвар аст, ки номаш дар рӯйхати ҲХДТ барои номзадӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон шомил гардидааст.
2 ноябри соли равон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон зимни як ҷаласа масъалаи додани мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба Шарифӣ Фирӯза Бӯрихонзодаро барои бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати ӯ барррасӣ намуд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳамакнун мутобиқи моддаҳои 12, 54, 56 ва 57 –и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ мутобиқи рӯйхати ҲХДТ ба Фирӯза Шарифӣ дода, ӯро ба қайд гирифта ваколаташро тасдиқ намуда буд.
Рӯзи 8 ноябри соли равон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарори дахлдорро дар ин бора қабул намуда, масъалаи тасдиқи ваколати Фирӯза Шарифиро ҳамчун узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ба иҷлосияи навбатӣ вогузор намуд.
Мавсуф 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Дар баробари иҷрои масъулияти давлатӣ. тарбияи фарзанд ва иҷрои кори ҷамъияӣ, тавонистааст соҳиби ду маълумоти олӣ бигардад. Соли 1995 факултаи филологияи тоҷик ва соли 2014 факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намудааст. Баъдан дар мақомҳои масъули ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Восеъ ва Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон кор кардааст.
Фирӯза Шарифӣ дар муддати начандон тӯлонӣ бо қобилияти фавқулоддаи кордониаш тавонист исбот намояд, ки занҳо низ дар корбарӣ аз мардон ҳеҷ камӣ надоранд.
Бисёр касон аксари пешравиҳо дар ҳаётӣ ҷавонон ва арсаи варзишу ҷаҳонгардии Хатлонро ба маҳорати баланди кордонию роҳбарии ӯ марбут медонанд. Вай дар ҷалби бештари соҳибкорон баҳри бунёди варзишгоҳу толорҳо дар вилояти Хатлон саҳми арзанда дорад. Ҷалби ҷавонон, бахусус духтарон ба таҳсил, касбомӯзӣ, иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, пос доштани таъриху фарҳанги ниёгон яке аз самтҳои фаъолияти ӯ мебошад.
Бо талош ва ибтикори Фирӯза Шарифӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарпарастии 12 варзишгари ҷавони маҳаллиро, ки дар навъҳои олимпӣ тамрин мекарданд, ба уҳда гирифт. Ҳамаи 12 варзишгар ҳар моҳ стипендияи махсуси Раиси вилояти Хатлонро дарёфт мекарданд.
Дар замони сарварии Фирӯза Шарифӣ ба Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Хатлон, мактабҳои варзишии қаламрави вилоят, ки аксаран фарсудаву асбобҳои машқу тамринашон корношоям шуда буданд, тадриҷан таъмиру таҷдид гардида, шароити тарбияи варзишгарони қавӣ ва ҳирфаӣ беҳтар шуд.
Барои ҷалби шумораи ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба намудҳои олимпии варзиш мактабҳои варзишии қаламрави вилоят дубора ба кор андохта шуда, 500 устоди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои кор дар чунин мактабҳо ҷалб гардиданд.
Фирӯза Шарифӣ ягона вакили ҷавон дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон буд, ки тавонист ба ҳалли чандин мушкили интихобкунандаҳои худ, бахусус ҷавонони вилоят даст ёбад. Вай дар зарфи фаъолияти вакилияш бо раъйдиҳандагон мулоқотҳо анҷом дода, даҳҳо муроҷиати ҷудогонаю дастаҷамъонаи онҳоро дарёфта ва ба мушкилоташон расидагӣ кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2013 Фирӯза Шарифӣ масъулияти мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва ҳамзамон муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Фирӯза Шарифӣ бонуи донишманд ва дорои малакаи баланди муошират бо мардум аст. Сухани таъсирбахш дошта, дар мусоҳибонаш андешаҳои ватансозиро бедор мекунад.
Маҷлиси намояндагони кишвар ҷойи маҳз нафаронест, ки дар маҳофил суханвар, таъсиргузор, соҳибандеша ва дорои малакаҳои роҳбариянд.
Ҷойи шакку шубҳа нест, ки ин зани ҷасуру хастагинопазир, намунаи шоистае барои ҳампешаҳо, занону ҷавонон ва шогирдон, ки дар муносибат ҳалим, ҳамсуҳбати дилнишин ва қадршинос, дар парлумони Тоҷикистон бо сари баланду шоистагӣ аз мардум намояндагӣ кунад.
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: