Дар пояи “Ирфон”5-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи созанда, ваҳдатофар ва ҳимоятгари манфиатҳои халқу миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш подош доштани маъниҳои дар боло зикргардидаро дар фаҳми мардум ҷо намудааст. Ин мазмунро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханронӣ ва баромадҳои худ таъкид кардааст.
Баланд бардоштани нуфуз ва тавсеаю тақвияти фаъолияти ҳизбӣ бо фарогирии ҳарчӣ бештари шаҳрвандон, таъсиси электорати устувор ва холӣ намондани фазои сиёсӣ дар таблиғ ва ташвиқи ҳизб дониста мешавад. Сол то сол афзудани шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни ҳизб аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз ҳизби мазкур дар байни мардум қадру манзалати махсус пайдо кардааст ва дар фаъолияташ аз роҳу усулҳои навини тарғиботӣ, техника ва технологияи муосири сиёсӣ ва фарҳангӣ истифода мебарад. Соли 2012 дар назди Муассисаи давлатии “Маркази ҷамҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ”-и Вазорати Маориф ва илми Тоҷикистон, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ирфон” таъсис дода шуд ва ба он Муҳаммадалӣ Афғонов раис интихоб гардид. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш ташкилоти ибтидоии номбурда тавонист, ки ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пеш аз ҳама ҷалби аъзоёни ҳизбро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ширкати фаъоли онҳоро дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ роҳандозӣ намояд. Дар ин замина мувофиқи мақсад ба роҳ мондани корҳои таблиғотиро оид ба фаҳмонидани мақсаду мароми созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сиёсати Президенти мамлакат, дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими Ваҳдати миллиро мақсад ва мароми асосии худ шуморида, пайваста байни кормандон тарғиботи ҳадафрасу мақсаднокро ба кор мебаранд. Дар мохи апрели 2016 шумораи аъзоёни ташкилоти марбута ба 55 нафар расидааст, ки ин нишондод нисбат ба соли соли 2015 5 баробар афзудааст. Аз онҳо 34 нафарашон дорои маълумоти олӣ буда, 8 нафар маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсус доранд. Маҳз ташаббус ва малакаи хуби кордонии раиси ташкилоти ибтидоии “Ирфон” Муҳаммадалӣ Афғонов буд, ки дар муддати на он қадар тӯлонӣ тавонист, ки сафи аъзоёнашро зиёд намуда, барнома ва стратегияи давлатдории имрӯзаро, меҳвари асосии фаъолияти худ карор диҳад. Дар суҳбат Мухаммадалӣ Афғонов иброз доштанд, ки мо ҳамеша байни кормандонамон тарғиботи ҳадафрас мебарем, онҳоро ба рафти кору фаъолияти ҳизб ошно месозем. Корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем ва тули ҳар моҳ чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву илмӣ мегузаронем. Ҳафтаи сипаришуда бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо номи «Дастони моҳир» озмун гузаронидем, ки дар он толибилмони мо хеле бошавқ иштирок намуданд. Албатта, хеч кор бе мушкили намешавад, хангоми пеш омадани ягон гаронӣ мо хатман бо сохторхои хизб муроҷиат мекунем ва барои ҳалли онҳо маслиҳату тавсияҳо мепурсем, инчунин бо каллектив нишаста якҷоя машварат намуда, мушкилиҳои ҷойдоштаро бартаф менамоем ва баҳри толибилмон шароити хуби таҳсилро муҳайё месозем. Дар маркази мазкур 12 маҳфил амал карда, 500 нафар хонандаро ба таҳсилоти иловагӣ ҷалб намудааст.Маҳфилҳои “Забономӯз”, “Доирабадастон”,”Дӯзандагӣ”, “Зардӯзӣ”, “Гулдӯзӣ”, “Ровиёни ҷавон”, “Гулпарварӣ, “Варзишгар” ва боз дигар маҳфилҳои шавқоваре, ки ба дид ва нигоҳи ҷавонони муосир мусоиданд амал мекунад. Тибқи низомномаи марказ, ки он аз тарафи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба омӯзиш ҷавонон ва наврасони аз 6 то 18 сола фаро гирифта шудаанд Дар тули фаъолияташ маркази номбурда ба 722 нафар хатмкардагон шаҳодатномаи касбӣ додааст. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз Маркази ҷумхуриявии муассисаи таҳсилоти иловагии «Ирфон» баҳри пойдории ҷомеаи навин, баланд бардоштани савияи маънавии ҷавонон ва сулҳу суботи кишвар кушишу заҳмат мекашанд. Ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, ифтихор доштан аз бузургони гузашта ва эътимод ба имрӯзу фардо тарбия мекунанд. Т. Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.