КОНСТИТУТСИЯ – ШАҲОДАТНОМАИ ДАВЛАТ2-11-2016, 09:13
Хабарро хонданд: 518 нафар
Назарҳо: 0
“Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвари мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи пешрафт ва муаррифии шоистаи кишварамон ба оламиён мебошад”. Эмомалӣ РАҲМОН Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вижагиҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ҳисобида шуда, дар давраҳои муайяни таърихӣ рушду такомул ёфтааст, ки раванди он ба ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарвар маълум аст ва ҳоҷат ба такрор нест. Зимнан, барои мо халқи тамаддунофари тоҷик боиси саодатмандист, ки ба бузургтарин неъмат – истиқлолияти давлатӣ даст ёфтаем ва имкон фароҳам омад, то баъд аз ҳазор сол бо дасти худ барои худамон қонун эҷод кунем. Тавре медонем, роҳи истиқлолият барои мо ҳамвор набуд, махсусан даҳсолаи аввали он, ки қонуни ҳар кас яроқаш буд. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои душвор ва барои миллати тоҷик тақдирсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омад ва миллати перешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ намуда, зиминаҳо давлатдории конститутсионӣ ва қонунсолориро гузошт. Соли равон аз 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба таври арзанда ҷашн гирифта, ҳамзамон ба ёд овардем, ки дар тӯли ин солҳо бо вуҷуди сахтиҳои ибтидои роҳ, дар идома таҳти сарварии Пешвои хирадмандамон ба як қатор дастоварду муваффақият ва хушбахтиҳо ноил гаштем. Аз бузургтарин чунин дастовардҳо ин бар пояи Конститутсия таҳким бахшидани системаи қонунгузорӣ ба шумор меравад, ки ин раванд тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибдавлат барои ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Бояд гуфт, рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Бо назардошти рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ соли равон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат пайдо гашт. Мардуми ислоҳотхоҳ ва ташаббусписанди кишвар аз ворид шудани Тоҷикистон ба марҳилаи нави қонунгузорӣ ва рушди кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, санаи 22.05.2016 ба ҷонибдорӣ аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъй дод. Нахуст, тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда ба таъмини рушди устувору муттасил, инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеъа равона гардида буд, ки мо дар чунин шароити ҳассоси геополитикӣ натиҷаҳои мусбии онро ҳис карда истодаем. Ҳамзамон, тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат намуда, асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, пояҳои низоми давлатдорӣ ва самаранокии низоми сиёсро таҳкиму тақвият мебахшад. Аз сӯи дигар, матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳ ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои забони адабии имрӯзаи тоҷик таҳия гардидааст, ки мазмунаш барои доираи васеи шаҳрвандон фаҳмо ва равшан аст. Чизи дигаре, ки ҳисси ифтихори моро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати Конститутсияи кишварамон баланд мекунад, ин мутобиқат намудани меъёрҳои он ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки мавқеъ ва муносибати Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои ҷаҳон мушаххас месозад. Имрӯз Тоҷикистон бар пояи Конститутсияи худ метавонад дар саҳнаи сиёсати байналмиллалӣ ба тамоми ҷаҳон муносибати густардаву созанда ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷонибҳоро мустақилона роҳандозӣ кунад ва карда ҳам истодааст. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимоми давлатдории худро мустаҳкам ба даст гирифтаем ва қодирем барои ояндаи ободу осудаамон талош варзем. Ин ҳуқуқи конститутсионии мост, ки баробарҳуқуқӣ ва озодиҳои моро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин месозад. Аз дигар нишонаҳои қудрати Конститутсияи мо ин аст, ки мо тавонистем мустақилона роҳи худро интихоб намоем ва нагузорем, ки ҳеҷ кас аз берун ақида ва роҳу равиши хосеро сари мо таҳмил кунад. Зимнан, ин ҳуқуқи конститутсионии миллати тоҷик аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳимоя гардида, мавсуф дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” навиштааст: “Мо намехоҳем, ки роҳи пешгирифта, идеология ва сёсати ягон давлати хориҷӣ ба дӯши халқи мо ва давлати мо зуран бор карда шавад”. Зимнан, меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон аз ин сабаб бо бартариятҳо ва хусусиятҳои хоси худ ҳамчун беҳтарин Конститутсия дар ҷаҳон шинохта шудааст, ки он худ баёнгари иродаи мустаҳкам ва ғаризаи тамаддунофарии миллати тоҷик аст. Ин вижагиҳои азалии миллати тоҷикро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбаре, ки тамоми ҳастиашро барои халқаш бахшидааст, бараъло эҳсос намуда, андешаи худро дар ин маврид чунин баён намудааст: “Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд”. Баёни ин воқеият ирода ва рӯҳу тавони миллати тоҷик махсусан мо ҷавононро дар роҳи ватандориву ватансозӣ, ки бар пояи риояи меъёрҳои конститутсионӣ асос ёфтаанд, дучанд месозад. Зеро мо ба хубӣ дарк мекунем, ки Конститутсия болотар аз як санади муқаррарии меъёриву ҳуқуқӣ буда, ҳамчун шаҳодатномаи давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бо тақдирсоз будани худ дар миёни мардум ба сифати Бахтнома маъруф гаштааст. Бо назардошти ин мо нигоштаи худро бо ин мисраҳои воло ҷамъбаст мекунем: Бахтнома номаи бахт аст аз даври Каён, Бахтнома номаи бахт аст баҳри тоҷикон. Тоҷики арзандаи ман бош қисматсози хеш, Бахтнома бар ту бошад болу пар, зуру тавон. Бахтнома такя гар дорад ба қонуни башар, Такягаҳ дорад зи оинҳои фарҳанги Ватан, Такягаҳ дорад зи аврангу зи аржанги Ватан, Такягаҳ дорад ба ному номусу нанги Ватан. Бахтнома ормони тоҷиконро зинда кард, Бахту тахти тоҷиконро аз дигар поянда кард. Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон! Орзӯ Ҳамидов – роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.