Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конститутсия- санади тақдирсоз

Конститутсия- санади тақдирсоз

25-10-2016, 11:24
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
Конститутсия- санади тақдирсоз


Дар солҳои Истиқлолият дар ватани азизи мо соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳам дар ҷодаи сиёсат, ҳам дар иқтисодёт ва ҳам дар иҷтимоиёт ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Ҳоло ҷумҳурии мо дар марҳилаи рушди устувор қарор дорад. Ин пешравиҳо водор мекунад, ки меъёрҳои конститутсионии мо вобаста ба шароити имрӯзаи ҷаҳон такмил дода шавад. Зеро агар қонунгузорӣ мукаммал бошад барои пешрафти бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имконият фароҳам меорад. Дар айни замон мо дар фазои сулҳу ваҳдат ва осудагию оромӣ умр ба сар мебарем, аз пайи зиндагонии шоиста мебошем. Ба ояндаи дурахшони ватани азизамон боварӣ дорем. То ин муддат барои ба ин рӯзҳои нек расидан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзанд, ки ватани
мо обод, мардумаш хотирҷамъ ва нуфузи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ афзояд.
Дар шароити имрӯза бояд бо такмил додани равандҳои минбаъдаи демократикунонии ҳаёти ҷомеа бо такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон диққати ҷиддӣ дода шавад. Бинобар он бо тақозои вақт ва бо назардошти пешрафти ҳаёти ҷомеа дар солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷкистон тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид гардида буд. Ҳоло вазъи ҷаҳон дигар шудааст. Ҳар рӯз навгониҳои нав ба нав ба назар мерасанд. . Бинобар он зарурият пеш омад, ки боз дар моддаҳои алоҳидаи Конститутсияи кишвар тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Дар асоси такмили сохтори контитутсионии ҳокимияти давлатӣ низому фаъолият ва ҳамкориҳои байниидоравӣ мукаммалу самаранок мегардад. Дар айни замон идоракунии давлатӣ такмил ёфта истодааст. Барои он, ки ҷомеа босубот пеш равад, пояи сулҳу ваҳдат, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ мустаҳкам гардад, дар Конститутсия дар панҷ самт тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 458 аз санаи 4 октябри соли 2011 Қоидаҳои нави имло тасдиқ гардид. Аз ин рӯ бамаврид аст, ки дар матни нави Конститутсия истилоҳу ибораҳо ва калимаҳо тибқи талаботи имлои нав навишта шуванд. Тӯли солҳои охир робитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳо густариш ёфт ва аз ин рӯ мо меҳоҳем санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварамонро ба қонунҳои амалкунандаи байналхалқӣ мутобиқ намоем. Зеро мақсади асоси Сарвари олии кишвар тавсеа ва рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷониба мебошад. Дар тағйироту иловаҳо хуб омадааст, ки минбаъд Конститутсияи (Сарқонуни) кишварамонро Конститтусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном барем. Зеро воҷаи Конститутсия ҷаҳонӣ буда, калимаи маъмул ва фарогирандаи тамоми самтҳои қонуният мебошад. Тибқи тағйироту иловаҳо шакли идоракунии давлатамон президентӣ мебошад. Зеро Президент дар низоми давлатдории мо нақши асосӣ ва ҳалкунанда доранд. Дар тағйироту иловаҳои Конститутсия, ки дар моддаҳои гуногун 40 ҳолатро дар бар мегирад, ҷойи асосиро синну соли вакилони Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси миллӣ, судяҳо ва Президент, ки 30 солагӣ муқарар карда шудааст, дар бар мегирад. Минбаъд қасам ёд кардани вакилони Маҷлиси Олӣ, судяҳо, ва аъзоёни ҳукумат, инчунин ҳатмӣ будани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти онҳоро дучанд мекунад. Боз як чизи дигар, ки такмил ёфт, ин ба ҷои ибораи «Ҳокимияти давлатӣ» ба тарзи дуруст навишта шудани «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ба ҷои «ҷамоат» «Ҷамоат», ва ба ҷои «марзи» «ҳудуди» ва дигар тарзи навишим иборю калимаҳо мебошад. Дар асоси тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ба масъулият водор намудани фарзандони болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар мебошад, ки дар шароити имрӯза хеле бамаврид аст. Чизи дигар дар тағйироту иловаҳо манъ гардидани таъсиёбии ҳизбу ҳаракатҳои миллӣ ва динӣ аст, ки ба хотири таъмин ва нигоҳдории фазои сулҳу ваҳдат ва оромию бехатарии амнияти давлат Ҷумҳурии Тоҷкистон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ниёз надорад.
Дар охир бояд зикр намуд, ки ҳамаи ин пешравиҳо ба хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷик, хотимабахшандаи ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги мо, кафили пойдориву бардавомии давлати мустақили Тоҷикистон мебошанд, сахт вобастагӣ дорад. Чунин эътирофу эҳтиром ва қадрдонӣ ба Пешвои миллат далели он аст, ки Сарвари давлати тоҷикон ифодагари орзую ормонҳои неки миллати тоҷик, таъминкунандаи фардои нек ва зиндагии шоистаи мардум мебошанд. Бинобар он, қарзи шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки ба қадри чунин пешравиҳо бирасем ва санаи 22 май дар маъракаи муҳими сиёсӣ -Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷкистон фаъолона иштирок намоем.
М. Шукуров, раиси КИ ҲХДТ
дар шаҳри Панҷакент
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: