Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолият ва 25 соли рушди ҷомеа

Истиқлолият ва 25 соли рушди ҷомеа

5-10-2016, 16:36
Хабарро хонданд: 333 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият ва 25 соли рушди ҷомеа
Заиф гардидани пояҳои сиёсии ҳокимияти вақт дар авохири садаи 20-ум ва фароҳам омадани шароити мусоид барои ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ба он оварда расонд, ки миллати тоҷик низ дар шумури дигар халқиятҳо хостгори комилияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ шуд. Нобасомониҳои сиёсӣ дар гӯшаҳои мухталифи давлати абарқудрати Шӯравӣ ва ниҳоят фурӯпошии он назари мардумро ба ояндаи хеш дигаргун сохта, дар як муддати кӯтоҳ гуногунандеширо ба миён овард. Албатта, оқибати чунин тағйироти сиёсӣ ба сари миллати тоҷик гарон омада, дар як муддати кӯтоҳ ҷанги шаҳрвандиро ба вуҷуд овард. Душманони миллат аз ин вазъияти мусоид истифода намуда, миллати навакак аз ҷаҳолати фарҳангӣ халосхӯрдаро ба майдонҳои сиёсӣ кашиданд. Оташи ҷанг саросари мамлакатро фаро гирифта, боиси харобии давлат ва гуреза шудани даҳҳо ҳазор нафар тоҷикон гардид. Ҳокимияти сиёсӣ аз даст ба даст гузашта, вазифаи худро дар назди давлату миллат иҷро карда наметавонист.
Дар ин шароити хеле нозуки таърихӣ халқи тоҷикро шахсияте лозим буд, ки тамоми масъулиятро ба уҳда гирифта, давлатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшад. Офтоби бахти тоҷикон сар бароварда, таърих фарзандаи фарзонаи халқ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат баровард. Бо кӯшишу заҳматҳои бепоёни Президенти кишвар дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, барномаи рушди минбаъдаи давлат бо назардошти беҳтарин анъаноти миллӣ ба тасвиб расид. Пояҳои ҳокимият мустаҳкам гардида, волоияти қонун дар ҳама самтҳои фаъолият ба танзим дароварда шуд. Ниҳоят, санаи 9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳфаи наверо бо номи «Истиқлолият» боз намуд, ки омили асосии рушди минбаъдаи мамлакат гардид. «Бо фаро расидани Истиқлол миллати деринатаърих пас аз он ҳама поймолсозиҳои манфиатҳои миллӣ парчами озодӣ ва истиқлолро дар қалби Осиё, дар яке аз минтақаҳои пурҷӯшу хурӯши сиёсати ҷаҳонӣ барафрохта, ҷойгоҳи шоистаи хешро дар сиёсату иқтисод ва фарҳанги ин ҳавзаи азими тамаддунзо ба даст овард» [4, 5]. Акнун замони ободкориву созандагӣ ва боландагии миллати тоҷик фаро расид.

Бо дурандешӣ ва хиради баланди сиёсии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамкориҳои дӯстонаро бо давлатҳои дуру наздик ба роҳ монда, таъмини зиндагии шоистаро ба ҳар як фарди кишвар кафолат дод. Дар ин замина пояҳои иқтисодии давлат мустаҳкам гардида, сохтмони иншоотҳои аҳамияти муҳими таърихӣ дошта ба роҳ монда шуданд. Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини озуқавории мардум ва аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон аз ҳадафҳое буданд, ки рушди босуботи давлатро таъмин месохтанд. Таҳияи ҳама гуна барномаҳои давлатӣ маҳз дар асоси ҳамин ҳадафҳо тарҳрезӣ шуда, натиҷаи босамари худро дода истодаанд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба яке аз кишварҳои дорои иқтисодиёти мунтазам пешрафта табдил ёфта, бо шарофати истиқлолияти комили сиёсӣ мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкам намуда истодааст.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки давлат дар асоси мақсадҳои ҳадафмандонаи як гурӯҳи одамон, аниқтараш қувваи сиёсии муайяне қадам зада, ҳаёти осоиштаи мардумро таъмин месозад. Истиқлолияти давлатии тоҷикон барои ба вуҷуд омадани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ заминаи хуберо фароҳам оварда, ба гуногунандешии сиёсии мардум таккони ҷиддӣ бахшид. Таъсиси ҳизбҳои гуногун шаҳодати он буд, ки дар Тоҷикистон кафолати бехатарии дониши сиёсиву мафкуравии шаҳрванд дода шуда, ҳар шахс метавонад озодона ояндаи хешро интихоб намояд. Айни замон дар қаламрави ҷумҳуриамон 7 ҳизби сиёсӣ (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби комунистии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон) расман фаъолият намуда истода, ҳар яке барномаву оиннномаи худро дар асоси қонунҳои амалкунанда татбиқ месозад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш (10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард) ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор барномаи худро дар асоси манфиатҳои халқ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ амалӣ намуда, маҳбубияти хосса пайдо намуд. Он тавонист дар як муддати кӯтоҳ тараққиёти ҳама гуна шохаҳои ҳокимиятро ба маҷрои муайян дароварда, сатҳи некӯаҳволии мардумро боло бардорад. Бо сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор ва баҳаморанда табдил ёфта, шумораи аъзоёни он аз ҳисоби нафарони донишманду ватандӯст ва бомасъулият зиёд гардида истодааст. Айни замон дар ҳайати ҲХДТ (мувофиқи ахбороти анҷумани 12-уми ҲХДТ аз 13 декабри соли 2014) зиёда аз 200 кумитаи иҷроия ва 4000 ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолият менамоянд, ки фарогири ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурианд [3, 68]. Шиори барномаи ҳизбро «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ташкил медиҳад, ки барҳақ амалан тасдиқи худро ёфта истодааст. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҲХДТ таҳти сарварии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар гомҳои устувор гузошта, дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад.

Тавре зикр намудем, дар ҳайати ҲХДТ айни замон зиёда аз 200 кумитаҳои иҷроия амал менамоянд, ки миёни онҳо КИИ «Дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон собиқаи дерина дорад. Он бо қарори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз 01.04.2005, таҳти №4 бо номи ташкилоти ибтидоии «Олимони ҷавон» дар ҳайати 7 нафар таъсис дода шуда, баъдан бо қарори навбатӣ аз 27.05.2005, таҳти №1/1 ҳамчун ТИ «Дониш» табдили ном кардааст.

КИИ «Дониш» аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ фаъолияти худро дар асоси барнома ва оинномаи ҲХДТ, қарору супоришҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда, давра ба давра шумораи аъзоёни худро аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд ва олимони соҳавӣ зиёд намуда истодааст. Чунончи, танҳо дар 4 моҳи охири соли 2015 зиёда аз 600 нафар устодону кормандон бо хоҳиши худ ба сафи КИИ «Дониш» пазируфта шуданд. Айни замон шумораи аъзоёни КИИ «Дониш»-ро 997 нафар устодону кормандон ва 747 нафар донишҷӯён (ҳамагӣ 1744 нафар) ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда дар миқёси ноҳия яке аз беҳтаринҳост. Ин миқдор, албатта, моро қонеъ гардонда наметавонад ва раёсати кумита ният дорад, ки дар ояндаи наздиктарин сафи аъзоёни ҳизбро аз ҳисоби устодону кормандони дорои масъулияти баланди ҳизбӣ зиёд гардонад.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати аъзоёни ҳизб дар КИИ «Дониш» як қатор чораҳои саривақтӣ андешида шуданд. Масалан, бо супориши раиси кумита тамоми аъзоёни кумита аз ин баъд ҳаракати худро дар асоси бонки ягонаи электронӣ ба роҳ мемонанд, ки ин амал боиси бартараф намудани мушкилиҳо дар ин самт мегардад. Ҳамчунин ҷиҳати пардохти саривақтии ҳаққи аъзогӣ муҳосиботи донишгоҳ муваззаф гардидааст, ки ба таври худкор аъзогиро ба суратҳисоби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур гузаронад. Илова бар ин КИИ «Дониш» ҳамасола ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» фаъолона аъзо шуда, ба таври ҳамешагӣ маводи онро дастраси аъзоёни кумита мегардонад.

Боиси хушнудист, ки қисмати бештари аъзоёни КИИ «Дониш»-ро ҷавонон ташкил дода, бештари онҳо олимони соҳавианд. Шумораи устодону кормандони ҷавони аз 18 то 30 сола дар КИИ «Дониш» 313 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ҳар сол аз ҷониби КИИ «Дониш» ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷавонони фаъол бо сипоснома ва ифтихорномаҳои кумитаи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва марказии ҲХДТ сарфароз гардонида мешаванд. Ҷавонони мо дар баргузории маъракаҳои сиёсӣ ва ҳизбӣ фаъолона ширкат варзида, сиёсати имрӯзаи ҳукумату давлатро якдилона дастгирӣ менамоянд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар оянда низ КИИ «Дониш» фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монда, дар рушду нумӯи ватани азизамон ва расидан ба он мақсадҳои ниҳоие, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пеши худ гузоштааст, саҳми босазои худро мегузорад.


Адабиёти истифодашуда:

1. Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. – Китоби 1. – Душанбе: Ирфон, 1989.
2. Раҳмонов Эмомалӣ. Тоҷикон дар оинаи таърих. – Китоби 3. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 228 с.
3. Санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб. – Душанбе: Шарқи озод, 2015. – 224 с.
4. Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат-ҳастии миллат. – Китоби 1. – Душанбе: Эр-граф, 2016. – 516 с.

Раиси КИИ «Дониш», Ректори ДМТ, академики АИ ҶТ, профессор Имомзода М.С.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: