Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Ифтитоҳи бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

13-09-2016, 14:05
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
11.09.2016 08:54, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази навбунёди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расман ифтитоҳ намуданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои собиқи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бар асари лағжиши қитъаи замин дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, аз истифода берун гардида буд. Масъулин бошанд, то ин дам дар бинои қасри фарҳанг фаъолият мекарданд.
Бинои нави Мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз таҳхона, ду ошёна, 26 утоқи корӣ, 11 ҳуҷраи ёрирасон ва ошхона иборат мебошад. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо тамоми шароити зарурӣ таъмин буда, онҳо дар фасли сармо тавассути шабакаи мустақили гармидиҳӣ, ки тариқи нерӯйи барқ кор мекунанд, гарм нигоҳ дошта мешаванд.

Масоҳати умумии иншоот 2 ҳазору 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди бино ду толори маҷлисӣ, яке бо ғунҷоиши 50 ва дигаре бо 300 ҷойи нишаст бо ҷиҳози лозима таъмин мебошанд.

Арзиши лоиҳавии иншоот 9 миллион сомониро ташкил дода, он пурра аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд маблағгузорӣ гардидааст.

Лоиҳаи бино аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Суғд ИНТИЗ" таҳия гардида, дар корҳои фармоишӣ идораи сохтмони асосӣ ва пудратчигӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Манзили Кӯҳистон" саҳм гирифтаанд.
Бо мақсади тобоварии иншоот ба иқлими маҳал аз масолеҳи сохтмонии босиффат истифода шудааст.

Сарвари давлат ба шарту шароити дар бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фароҳамгардида шинос шуда, аз аҳли кормандон даъват намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо сатҳу сифати коргузориро беҳтар ба роҳ монанд.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: