Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аксия – роҳпаймои ҷиҳати маҳкум кардани ғояҳои ифротгароӣ

Аксия – роҳпаймои ҷиҳати маҳкум кардани ғояҳои ифротгароӣ

27-09-2016, 13:10
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Аксия – роҳпаймои ҷиҳати маҳкум кардани  ғояҳои ифротгароӣ

Рӯзи 23 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси зиёиён, ҷавонон, маорифчиён, табибон дар ҷамъ фаъолони ҲХДТ ва дигар қишрҳои аҳолии ноҳия Аксия-роҳпаймои зери ливои «Ғояҳои ифротгароиро маҳкум мекунем!» ҷиҳати баёнияи собиқ сарвари Ҳизби мамнӯъгаштаи Наҳзати Исломии Тоҷикистон баргузор гардид.

Имрӯзҳо гурӯҳҳое ҳастанд, ки суҳлу оромӣ, ваҳдату якдилӣ ва якпорчагии миллату давлати Тоҷикистонро намехоҳанд. Ин гурӯҳҳои иғвоангез ба хотири расидан ба ҳадафҳояшон созмонҳои байналмилалиро низ ба муқобили Ватан ва миллатамон истифода мебаранд. Ҳол он ки лозим ба ёдоварист, ки дар давлатҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ ва Ливия мардуми бегуноҳ кушта шуда, занону кӯдакон зери шиканҷа қарор доранд ва ҳатто бемороне, ки дар бемористонҳо муолиҷа мегиранд, бомбаборон карда шудаанд, ки ин даҳшати асри 𝑋𝑋𝐼 ҷомеи ҷаҳониро нигарон кардааст.
Ҳомиёни ҳуқуқи инсон (САҲА) гӯё ин ҳодисаҳои нангинро намебинанд. Нозирони ҳуқуқи башар чаро дар ин маврид хомӯш ҳастанд? Ба мисле, ки дар даҳонашон муҳри хомушӣ зада бошанд.

Мо ҷавонон аз ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мехоҳем, ки муносибати чоплусии худро дар баробари кишварҳо тағйир диҳанд. Зеро дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд адолат ҳамеша побарҷо аст.

Агар аз саҳифаҳои таърих назар афканем ҳамингуна гурӯҳҳои иғвоангез мардуми тоҷикро солҳои 90-уми асри гузашта ба гумроҳи оварда буданд.
Имрӯзҳо миллат ва халқӣ сарбаланди Тоҷикистон сабақи таърихи гузаштаро ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад кард, зеро омӯхтани таърихи гузашта зиндагии ояндаро равшан месозад.

Давлату миллатӣ шарафманди мо ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ягон гуроҳҳои ифротӣ таъсири мусбати худро ба халқи Тоҷикистон расонад ва чӣ тавре, ки дар урфият мегуянд «шахсе, ки дар шир сӯхта бошад дӯғро пуф карда менӯшад».

Мо ҷавонон насле ҳастем, ки оромиву сулҳ ва осоиштагии миллатро қадр мекунем. Мо дӯстдори сулҳу осоиш ва амнияти кишварамон ҳастем. Имрӯз сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонем. Ба ҷавонони ҳамнасламон тавсия медиҳем, ки аз ҳодисаҳои ҷаҳон огоҳ бошанд, то давлату миллатро аз одамони бадандешу бадкирдор ҳимоя карда тавонем.

Мо - ҷавонон итминон дорем онҳое, ки пешравии давлату миллатро дидан намехоҳанд, ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, зеро мардуми Тоҷикистон ба қадри истиқлолият, сулҳ, ваҳдат мерасанд. Мо ҳеҷ гоҳ тасмими бо дасти хоҷагони хориҷӣ оташ ангехтани як гурӯҳ хоинонро ҷонибдор нестем ва онро маҳкум менамоем.
Б.Файзизода
Роҳбари «Ҷавонони ташаббускор»
дар ноҳияи Панҷ.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: