Созандагони фардо8-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
Ҳафтаи гузашта дар саросари Тоҷикистони азиз Рӯзи ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Таҷлили солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, барои мардуми тоҷик ва кулли тоҷикистониён аҳамияти ниҳоят бузурги таърихӣ дорад. Чунки то ба имзо расидани ин созишномаи тақдирсоз, кишвари мо дар вазъияти ниҳоят вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дошт. Сулҳу ваҳдати мо бо осонӣ ба даст наомада, роҳи дарозу пурпечутоби сиёсиро тай кардааст. Вале новобаста аз чунин мушкилиҳо, мардуми бофарҳангу хирадманди мо бо пешвоии сарвари сулҳҷӯёву меҳанпарвари худ Эмомалӣ Раҳмон ба кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуданд, ки ба ғояҳои сулҳу оромӣ содиқ ҳастанд ва манфиатҳои милливу давлатии худро ҳамеша дар мадди аввал қарор медиҳанд. Ҳамин буд, ки имрӯз ҷаҳониён раванди ҳалли низои дохилии Тоҷикистонро ҳамчун таҷрибаи мусбӣ меомӯзанд ва дар рафъи буҳронҳои сиёсии дигар кишварҳо истифода мебаранд. Зеро дар ҳар кишваре, ки сулҳу ваҳдат пойдору устувор аст, дар он ҷо ҳамаи самтҳои барои ҷамъият муҳим ривоҷ хоҳанд ёфт ва некӯаҳволии мардум сол аз сол баланд хоҳад гашт. Инро дар мисоли кишварамон баръало метавон мушоҳида кард.
Аз ин рӯ, имрӯз мардуми моро, хусусан ҷавононро зарур аст, ки барои устувориву пойдории ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёти кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат кӯшишу заҳмати худро дареғ надоранд. Дар ин бобат, қайд кардан айни муддаост, ки ҷавонони кишвари мо нерӯи бузурганд, чунки тақрибан 70 фисади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Ин маънии онро дорад, ки ояндаи дурахшони ватан ва пойдории ташаккули давлату давлатдориамон бо ҷавонон ва фаъолияти пурсамари онҳо вобастагии зич дорад. Аз ин сабаб, ҷавононро мебояд, ки тамоми қудрату нерӯи худро барои ободонии кишвар сарф намоянд, то ки ифтихори миллат ва давлату ҳукумати хеш бошанд. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирӣ қарор медиҳад, дар иҷро ва баргузории бисёр чорабиниҳо онҳоро сафарбар менамояд ва барои иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон аз тарафи Ҳукумат андешидани чораҳоро таъкид менамояд. Имрӯз бо мақсади ҳавасманд гардонидани ҷавонон дар кишвар чандин ҷоизаву мукофотҳо муайян гардидааст. Яке аз онҳо, ин Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки ба ҷавонон барои дастовардҳои илмии барои миллату давлат фоидаовар мукофотонида мешавад. Аз лаҳзаи таъсисёбии ин ҷоиза дар соли 1998, то имрӯз ба он тақрибан 140 нафар ҷавон мушарраф гардидаанд, ки аз кӯшишҳои мунтазами ҷавонони созанда шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, имрӯзҳо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон барои таҳсил дар давлатҳои хориҷӣ шароитҳои зиёд фароҳам оварда шудаанд. Дар ҷумҳурӣ як қатор шартномаҳои байниҳукуматӣ ва байнидонишгоҳӣ бо ҳукумату донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ баста шудааст, ки дар асоси онҳо ҷавонон метавонанд таҳсили худро дар он кишварҳо давом диҳанд. Зиёда аз ин, Сарвари давлат дар ҳама сафарҳои хориҷии худ вақт ҷудо карда, бо донишҷӯён ва ҳамватанони дар он давлатҳо сукунатдошта вохӯриҳо мегузаронад, масъалаҳои мубрамро бо онҳо муҳокима менамояд ва аз камбудиҳои онҳо пурсон шуда, кӯмакҳои лозимаро мерасонад. Барои ҳамин ҳам, ҷавонони моро мебояд, ки ҳамеша дар паи омӯзиш бошанд, то ки дар таҳкими ваҳдати миллии кишвар саҳми худро гузошта тавонанд, чунки ҷомеаи боилму бофарҳанг, гарави рушд, мустаҳкамӣ ва пойдории давлат аст ва ба он ҳеҷ як қувва ва нерӯи берунае таъсири манфии худро расонида наметавонад. Насиба Наимова, мутахассиси Раёсати омори Суди Олии ҶТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.