Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Александр Чеферин президенти нави УЕФА интихоб гардид

Александр Чеферин президенти нави УЕФА интихоб гардид

19-09-2016, 07:37
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Александр Чеферин президенти нави УЕФА интихоб гардид

Дар шаҳри Афинаи Юнон Конгресси навбатии УЕФА баргузор шуд. Дар ҷараёни ҳамоиши мазкур Президенти нави ин созмони бонуфузи футболи Аврупоро интихоб намуданд. Ба ин мақоми олӣ номзадии роҳбари Созмони футболи Словения Александр Чеферин пазируфта шуд. Довталаби дигари мақоми номбурда дар УЕФА Президенти бошгоҳи шоҳонаи Ҳолланд Михаэл ван Праг 13%-и овозҳоро ба даст овард. Ин дар ҳолест, ки 42% аъзои Конгресс раъйи худро ба Чеферин доданд.
Президенти тозаинтихоби УЕФА Александр Чеферин аз соли 2011-ум бад-ин сӯ дар вазифаи роҳбари Созмони футболи Словения ифои вазифа менамуд.
Ёдрас мешавем, ки солҳои 2007-2016 мақоми роҳбарии УЕФА дар ихтиёри Мишел Платини буд. Аммо ӯ бо сабаби бархостани моҷаро гирди маъмурияти созмонҳои ҷаҳонӣ ва аврупоии футбол оид ба қазияи ришвахорӣ вазифаашро тарк гуфт. Платиниро дар ҷараёни тафтишот ба гирифтани 2 миллион франки швейтсарӣ аз собиқ Президенти ФИФА Зепп Блатер муттаҳам донистанд.
Ёдовар мешавем, ки Александр Чеферин ҳафтумин президенти УЕФА ба шумор меравад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: