Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Таассурот аз ҷашни Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд

Таассурот аз ҷашни Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд

16-09-2016, 11:10
Хабарро хонданд: 126 нафар
Назарҳо: 0

Ман Саидова Мастура муовини раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.
Чанд рӯз аст, ки кишвари офтобии моро боз фазои идона фаро гирифтааст. Зеро пиру барно ҷашни азизу муқаддаси миллиамон- 25- солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта истодаанд. Дирӯз тавассути оиннамо банда ҷашнгирии Истиқлолро дар дигар манотиқи мамлакатамон дида, руҳан болидахотир шудам. Зеро ҳамагиро парчам бар даст дар майдони ҷашнгирӣ дидам, ки зери лаб суруди Ватанпарастиро замзама менамуданд.

Боз боиси болидахотирии ман аз он шуд, ки дар тантанаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дирӯз дар қасри мӯҳташами театри мазҳака ва мусиқии шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ доир шуд, шахсан ширкат варзидам. Аз номаи сипос ва табрикотии намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раиси шаҳр мӯҳтарам Шарифзода Шариф Файз то барномаи адабиву мусиқӣ ҳама зебо буданд. Хосса, бароям шеъру рақсхонии толибилмон ва сурудаҳо дар васфи Ватан- Модар писанд афтод. Бешубҳа ифтихори миллиам боло гирифт. Мо, ҳизбиёни шаҳр аз он изҳори қаноатмандӣ дорем, ки чун аъзои ҳизби пешраву созанда дар тараннуми Истиқлол ва худшиносӣ зарра ҳам бошад саҳмгузорем. Орзу мекардам, ки миллатамон тинҷу обод ва сарвари олишони мо ҳамеша соябони сари мо бошанд.


Мастура Саидова
Собиқадори ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: