Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НЕЪМАТЕ ХУШТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ

НЕЪМАТЕ ХУШТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ

30-08-2016, 13:01
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0

9 сентябри соли 1991 дар таърихи Тоҷикистон санаи тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯзи муборак дар харитаи дунё давлати соҳибихтиёру мустақили Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд ва аз оғози марҳилаи нав дар таърихи халқи тоҷик башорат дод.
Соли 25-ум аст, ки ба силсилаи ҷашнвораҳои миллӣ 9-уми сентябр чун рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ворид гаштааст ва дар саросари кишвар ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Истиқлолият барои мардуми тоҷик беҳтарин ва бузургтарин дастовард маҳсуб меёбад. Миллати шарафманди тоҷик тӯли солҳои соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ дастовардҳои беназирро соҳиб гашт. Воқеан ҳам истиқлолият дастоварди беназиру муқаддас, неъмати бебаҳо ва сарчашмаи ободию озодӣ ва созандагию бунёдкорӣ буда, рукни асосии давлати мустақил, рамзи шарафу номус, кафолати сарбаландию саодатмандӣ ва неруи таконбаши зиндагӣ мебошад.
Шарофат ва файзу баракати соҳибистиқлолӣ аст, ки Тоҷикистони азизу маҳбуби моро дар ақсои олам чун кишвари сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд. Шукргузорӣ аз даврони истиқлол мекунем, ки маҳз ин падидаи нек барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати мо заминаи мусоид фароҳам овард.
Файзи истиқлол аст, ки сулҳу субот дар кишварамон пойдор аст ва ҳадафҳои стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ зина ба зина амалӣ гашта истодааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф ва неруи зеҳнии кишвар таваҷҷуҳ ва ғамории хоса зоҳир менамояд. Беҳуда набуд, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли илму маориф ва қувваҳои солими зеҳниро хазинаи тиллоии миллат номид. Соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ ва афзалиятноки рушди мамлакат эътироф гардида, дар ин раванд ҳамасола тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Пеш аз ҳама бо мақсади рушд бахшидан ба соҳаи маориф таъсису ташкили мактаб, литсей ва гимназияҳои заманавӣ амри зарурӣ шуморида шуда, баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ғамхории рӯзафзун зоҳир мегардад. Илова ба бунёди муассисаҳои таълимии нав, таҷдиди инфрасохтор, инчунин ба сифат, мазмуну самарабахшии мундариҷа ва ҷараёни таълим низ таваҷҷуҳи қобили назар зоҳир мегардад. Таҳияи стандарт ва барномаҳои нави таълимӣ метавонанд сатҳу сифати таҳсилоти миёнаи умумиро баланд бардоранд.
Дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф омӯзгорон нақши калидӣ мебозанд. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (2015) хеле мушаххас баён гардидааст: “... калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ омӯзгор, омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.
Барои мо – кормандони соҳаи маориф, мутахассисон ва омӯзгорон ин суханон беҳтарин дастури амаланд.
Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ дар заминаи ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон пешравию навгониҳои зиёде дар рушди маорифи ноҳия ба чашм мерасад. Имрӯз дар ҳудуди ноҳия 19 муассисаи таълимӣ ва 10 муассисаи томактабӣ мавҷудаст, ки дар ин муассисаҳо 29 982 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо беш аз 1135 нафар омӯзгорони варзида дарс мегӯянд. Пеш аз ҳама таъсис, азнавсозӣ ва ба истифода дода шудани мактабҳои замонавии №71, №39 ва №100 имкон дод, ки нарасидани ҷойи нишаст коҳиш дода шавад. Дар баробари ин дастрасӣ ва таъмин намудани хонандагони ноҳия бо китобҳои дарсӣ, таъмини синфхонаҳо бо маводи техникию аёнӣ, технологияи муосири компютерӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия хеле беҳтар гаштааст. Дар баробари ин на танҳо мазмуни таҳсилот тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ низ шакли нав касб карданд.
Ҳамасола бо фармони Президенти кишвар 25 то 40 дарсад маошу нафақа баланд бардошта мешавад, ки ин иқдом дар маҷмуъ ба кормандони илму маориф тааллуқ дорад ва ин ғамхориҳо кормандони соҳаро ба ояндаи нек дилгарм месозад. Сол аз сол заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ беҳтар мегардад. Ин имкон медиҳад, ки таълиму тарбияи насли наврас сатҳу сифати беҳтар ба худ касб кунад. Метавонем беҳтарин муассисаҳои мактабӣ ва томактабиро аз қабили муассисаҳои №15,20,21,29,35,36,48,55,65,100 ва ғайраҳоро номбар намоем, ки ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гаштаанд. Дар замони истиқлолият 36 нафар хонандагони муассисаҳои ноҳия мактабро бо медалҳои тилло ва нуқра хатм намудаанд. Ҳамасола иштирок ва дастовардҳои зиёди хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон дар шаҳр ва ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ шаҳодати гуфтаҳои болост.
Ногуфта намонад, ки иштироки фаъолона ва ғолибияти муасисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони ин муассисаҳо дар озмунҳои гуногуни касбии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ лоиқи тавсиф аст. Беҳтарин муассисаҳои таълимии ноҳияро аз қабилӣ литсейи №55, мактабҳои №15, 20,21,31,48-ро номбар кардан мумкин аст, ки дар солҳои гуногун дар озмуни “Мактаби сол” ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида бо туҳфаҳои арзишманди Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шудаанд. Омӯзгорони варзидаи ноҳия аз қабили Ғаниева Бунафша, Ҳафизова Нигина, Ғаффорова Саида ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Муаллими сол” гардиданд ва тавонистанд шарафи маорифи ноҳияи Шоҳмансурро баланд бардоранд. Беҳтаринҳо дар солҳои гуногун тавонистанд дар озмунҳои “Мураббии сол-2014”, мурабияи кудакистони №46 Сафарова Парвина, “Роҳбари синфи сол- 2016” роҳбари синфи 10-б МТУМ №79 Камолова Шафоат, “Синфи сол- 2015” синфи 10-а гимназияи №2 барои кудакони болаёқат, “Боғчаи сол-2014” боғчаи №67 мудири бағча Воҳидова Бибираҷаб ширкат варзида ғолибият ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф бо суръати баланд рӯ ба тараққӣ ва инкишоф ниҳод. Аз ин рӯ бузургдошти ин ҷашни бузург ва ҳифзи музаффариятҳои он вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як тоҷики бедордил аст . Дар ин маврид барҳақ фармудаанд:

Неъмате хуштар зи истиқлол нест,
Ин саодат ҷуз насиби миллати фаъол нест.


Қосимова Файзи Бобоевна
Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии
“Маорифчиён”



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: