Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон

Ифтитоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон

26-08-2016, 13:35
Хабарро хонданд: 399 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон


Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз таҷдиди комил бинои нави Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтарро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз навсозии пурраву босифат фаъол кунонида шуд. Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2006 ҳамчун муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, таъсис дода шуда буд, шароити хуби таҳсилу илмомӯзӣ надошт.

Масоҳати ҷойгиршавии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 17 гектар буда, он дорои ду факулта, 11 бино, аз ҷумла 4 бинои таълимӣ, як бинои маъмурӣ ва чор хобгоҳ, 5 синфхонаи компютерӣ, 120 компютер, 13 тахтаи электронӣ, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, 2 ошхона барои бештар аз 300 донишҷӯён, варзишгоҳ, 2 маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ, майдонча барои гузаронидани машқҳои тактикии ҳарбӣ, таҳхона барои ҳолатҳои фавкуллода ва иншоот барои гузаронидани машқҳои тирпарронӣ мебошад.

Шумораи донишҷӯён дар донишкадаи номбурда зиёда аз 1700 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин шумора 1140 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 570 нафар дар ғоибона таҳсил доранд. Донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда 101 нафар, 34 нафар ятиму бепарастор мебошанд.

Дар донишкада барои пешбурди фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ 120 нафар устодону омӯзгорон таълим медиҳанд, ки аз ин шумора 12 нафар номзади илм, 16 нафар унвонҷӯён фаъолият доранд.

Қобили қайд аст, ки донишкадаи номбурда ҳамкориро бо зиёда аз 30 муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар аз ҷумла, бо Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии энергетикии Иваново, Донишгоҳи давлатии Петрозавод, Донишгоҳи агротехнологии Рязан ба номи П.А. Костичёв, Донишгоҳи нафту техникии Уфа, Донишгоҳи Урали ҷанубӣ, Донишгоҳи педагогии Томск, Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ, Донишгоҳи Урал ба номи Б.Н. Елтсин ба роҳ мондааст.

Ифтитоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон


Дар асоси ин ҳамкориҳо 16 нафар омӯзгорони ҷавони донишкада ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷ барои таҳсил дар аспирантура, коромӯзии илмӣ ва барои бурдани корҳои илмӣ тадқиқотӣ фиристонида шудаанд.

Корҳои навсозиро дар ин муассисаи олии таълимӣ ҶДММ “Балх- 2015” аз аввали соли равон ба уҳда гирифта, тайи ин муддат ҳайати панҷоҳнафараи сохтмончиёни ширкат таҷдиди иншоотро сифатан хуб ба роҳ монданд. Танҳо барои таҷдиди бинои маъмуриву таълимии иншоот зиёда аз 12 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо утоқу синфхонаҳои компютериву лабораторӣ ва утоқҳои фаннии муассиса шинос шуда, бо ҳайати устодон ва донишҷӯёни донишкада суҳбатҳои муфид анҷом доданд. Зикр рафт, ки айни замон теъдоди донишҷӯён дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар қариб 1700 нафар буда, онҳо дар риштаҳои гуногун, аз рӯи 12 ихтисос таҳсил доранд.

Хабар дода шуд, ки соли равон барои корҳои таъмирию сохтмонии танҳо факултаи электромеханика 1,5 миллион сомонӣ сарф шудааст. Иншоот аз бинои дуошёнаи маъмурӣ ва таълимӣ, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ бо таҳхона иборат мебошад. Дар бинои таълимӣ 9 ҳуҷраи корӣ ва 8 синфхона ҷойгир кунонида шудаанд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизи бинои мазкур баҳои баланд дода, ба масъулони соҳавӣ дастур доданд, ки ба сифати таълиму тадрис, махсусан сатҳи донишомӯзии донишҷӯёни факултаи электромеханикаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон диққати хоса зоҳир карда шавад, зеро энергетика аз бахшҳои ҳаётан муҳим ва ояндадори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зимнан навсозии биноҳои хобгоҳ низ сифатан хуб ба сомон расонида шудааст. Дар бинои хобгоҳ ҳамаи шароит барои будубоши донишҷӯён фароҳам оварда шудааст.

Фармоишгари корҳои навсозӣ дар 5 бинои хобгоҳ барои 880 ҷой Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии иншоот ҶДММ Салмон сохтмон, ҶДММ Осоиш ва ҶДММ Насби нур мебошад.

Арзиши харҷномавии навсозии биноҳои хобгоҳ 13 миллиону 658 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои корҳои таъмиру барқарорсозӣ 10 миллиону 158 ҳазор сомонӣ ва барои таҷҳизот сеюним миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити ошхона, толори варзишӣ ва синфхонаву озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муассиса дидан карда, донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ ва хизмати арзанда анҷом додан ба нафъи халқу ватан ҳидоят намуданд.

Дар ҳудуди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, инчунин Маркази хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ифтитоҳ шуд, ки ба беш аз 40 ҳазор сокини ноҳияи Бохтар хизмат мерасонад. Дар ҳамин марказ пардохти нафақа ва пардохтҳои буҷетиву коммуналӣ сурат хоҳанд гирифт.

facebook twitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: