Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси навбатии ҳизбиён дар Деваштич

Маҷлиси навбатии ҳизбиён дар Деваштич

25-08-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси навбатии ҳизбиён дар Деваштич


Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Анвар Расулович маҷлиси навбатии фаъолони ҳизб баргузор гардид.

Маҷлиси мазкур тибқи дастури роњбарияти ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, дар он сатҳи омодагӣ ба таҷлили фархундаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбарияти олӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷоннок намудани интизоми ҳизбӣ ва иҷроия, инчунин масъалаҳои рафти иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар рафти баргузории маҷлис ва баррасии масъалаҳои рўзномаи он Анвар Расулович махсусан қайд намуданд, ки ҷашни дарпешистода яке аз ҷашнҳои бузурги тоҷикистониён ба шумор рафта, омодагии хуб ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани он – ин нишонаи қадри дастовардҳои бузурги Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ буда, бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ назире надошта бошад. Зеро ҳар як сокини диёру кишварро лозим аст, ки ин ҷашнвораро муқаддас шуморанд, азбаски дар рўи замин даҳҳо миллион халқияту миллатҳое сукунат доранд, ки чунин дастоварди миллии хешро надоранд ва дар орзуи он садсолаҳо зиндагӣ дошта, дар армон ҳастанд. Хизматҳои бузурги Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллату давлат мислу монанде надошта, сиёсати хирадмандонаи ин фарзанди фарзонаи миллат боиси дастгирист ва моро зарур аст, ки таҳти роҳбарии бунёдгузоронаи Раиси ҳизбамон кору фаъолият намуда, ҳар як дастуру супоришро ҳамчун туҳфаи шоиста эҳдои Истиқлолияти давлату Президенти кишвар намоем…

Дар баробари баррасии омодагиҳои 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин масъалаҳои интизоми ҳизбиву иҷроия дар ташкилотҳои ҳизбӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, аз ҳамагон даъват ба бор оварда шуд, ки масъулиятшиносии ҳар як узви ҳизб – ин аз даст надодани зиракии сиёсӣ буда, дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебошад. Дар масири омилҳо ва воқеоти номатлуби ҷаҳонишавӣ ҷоннок намудани корҳои ташвиқотӣ дар байни оммаи васеъ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи ҳамсафони ба ору номус мебошад. Дар ин радиф, васеъ ба роҳ мондани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ низ ин воситаест, ки муштариёнро аз маводҳои ҷолиби таҳлиливу рўзмарра бархурдор месозад ва аз ҷониби ташкилотҳои ҳизбӣ сарбаландона иҷро намудани нақшаи дар пешгузошташуда, саҳми назаррасест, ки ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба самъи ҳамагон расонида шавад…

Маҷлиси навбатии ҳизбиён дар Деваштич


Муовини Раиси ноҳияи Деваштич, Раиси ситоди ноҳиявии обуна муҳтарама Рафоат Каримова низ ба сухан баромада, аз рафти омодагиҳо ба ҷашнвораи бузург маълумот дода, зикр карданд, ки сокинони ноҳия чун ҳамешагӣ дар сатҳи зарурӣ ва бо руҳияи идона дар таҷлили он камар бастаанд ва бо ташаббусҳои созандаи худ дар бари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар хотимаи маҷлис, баҳри иҷро ва идомаи иқдоми ҳизбӣ таҳти унвони «Нури маърифат» чанд нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат асбобу лавозимоти хониш тақдим карда шуд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: