Ояндаи худро имрӯз бисоз!13-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 771 нафар
Назарҳо: 0
Дар боғи фарҳангии ноҳияи Восеъ семинари дастурдиҳии ҷавонон дар бораи рушди соҳибкорӣ ва роҳнамоию ҳидояти ҷавонон дар ин самт шуда гузашт. Мавзуъи семинар «Ояндаи худро имрӯз бисоз» буда, ба ҷавонон дар роҳи соҳибкорӣ, тиҷорат маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Семинар бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинар намояндагон Нозимҷон Раҷабов ва Сиёвуш Нуров баромад намуда, таъкид доштанд, ки барои рушду пешбурди кишвари тозаистиқлоли мо тиҷорат ва соҳибкорӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, ҷавонони моро лозим аст, ки барои ояндаи неки худ ва тараққиёти давлати тозаистиқлол бо роҳи соҳибкорӣ устуворона қадам занем. Дар ин ҷабҳа мебояд ҷавонон аввал дониши хуби соҳавӣ дошта бошанд. Дар семинар барои инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ сухан рафта, таъкид шуд, ки дар ҳукумат лоиҳаи «Вусъатдиҳии имкониятҳои ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ» амал мекунад ва нақшаи асосии он дастгирии ҷавонон ва кӯмаки онҳо мақсади аввалиндараҷаи имрӯза мебошад. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар гузаронидани семинар шароити хуб фароҳам оварда, дар охир ба меҳмонон баҳри гузаронидани чунин семинари муфид миннатдорӣ намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.