Машварати корӣ18-07-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 548 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуд.
Дар кори машварат, ки бо иштироки Котиби Шӯрои амният, Раиси Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъавори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Хадамоти гумрук ҷараён гирифт, масъалаи татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, масоили таъмини амнияти давлату миллат, волоияти қонун, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар корҳои судманд супоришҳои қатъӣ дода, таъкид дошт, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди ватандорӣ амнияти давлату миллатро таъмин созанд. Дар машварат инчунин дастур дода шуд, ки баҳри омодабошии ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ бо ҳамсоякишвари Афғонистон, таъмини моддию техникии отрядҳои сарҳадӣ ва қисмҳои низомӣ бо маводи ниёзи аввал, сару либос ва дигар муҳимоти ҷангӣ, тайёрии сохторҳои ҳарбӣ ба мавсими зимистон, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани маъракаи муҳими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии онҳо чорабиниҳои мушаххас андешида шавад. president.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.