Боздошти 165 тонна нурии минералӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд»10-05-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
Дар дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» гумрукчиёни тоҷик зимни чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаш воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан»-ро боздошт карданд. Ҳангоми азназаргузаронии бордонҳои мошинҳо ва санҷиши ҳуҷҷатҳои воридотии онҳо муайян гардид, ки дар дохили бордонҳои мошинҳо нурии минералии навъи «Селитра» ба миқдори 3300 халта ба вазни умумии 165 тонна бе ҳуҷҷатҳои воридотӣ вуҷуд дорад. Пас аз пурсиши ронандагон муайян гардид, ки соҳибони нурии минералии навъи «Селитра» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онҳо ин миқдор нуриии минералиро аз шахсони номаълум аз вилояти Суғд бидуни ҳуҷҷати воридотӣ харидорӣ намудаанд.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба ин ҳолат парвандаи маъмурӣ боз карда шуда, 165 тонна нурии минералӣ барои нигоҳдорӣ ба анбори Раёсати молиявию хоҷагидории Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.