Роҳи оҳан: билетҳо арзон шуданд3-08-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
![]() Усмон Қаландаров, муовини сардори ин ниҳод ҳамчунин зикр намуд, ки қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани ҷанубӣ, ки вилояти Хатлонро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мепайвандад ва он чанд муддат аз ҷониби ҳамсоякишвар баста шудааст, барои аз нав фаъолият намудан аз нигоҳи техникӣ пурра омода аст. Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки то санаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 иншооти ҷашние, ки ин ниҳод ба уҳдаи хеш гирифтааст, ба истифода дода хоҳанд шуд. Ин ҳам роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, ба истифода додани истгоҳи «Спитамен» ва таъмиру тармими истгоҳи «Данғара» мебошанд. Аввалӣ санаи 24 августи соли равон ба истифода дода хоҳад шуд. Зикр шуд, ки бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми боркашониву мусофирбарӣ аз тарафи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба тоҷирону соҳибкорон ва деҳқонон барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 20 то 50% сабукӣ пешниҳод шудааст. Инчунин, дар доираи муқаррароти ҷаласаи 3-и комиссияи байниҳукуматии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои содироти қуми квартсӣ ва маъданҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 то 60% сабукӣ пешниҳод шудааст. Ғайр аз ин, дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии вазъи молию техникии Ширкати «Аллюминии Тоҷик» барои кашонидани аллюминий 60% сабукӣ дода шуда, ширкати мазкур аз ҷарима барои бекористии вагонҳо ҳангоми содироти аллюминий дар самти Регар-Поти (Гурҷистон) ва Регар-Сарахс (Туркманистон) ва баъдан ба давлатҳои сеюм ба муҳлати 15 рӯз озод карда шуд. Барои мусофирони қатораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон дар асоси созишномаи маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистону Қазоқистон ва Русия басташуда, ба мусофироне, ки пешакӣ билет мехаранд, ба ҳисоби миёна чунин сабукӣ дода мешавад-аз 31 то 45 рӯз - 40%, аз 21 то 30 рӯз - 35% ва аз 5 то 20 рӯз - 31%. Ҳоло парки инвентарии роҳи оҳани Тоҷикистон аз 2070 вагони боркаш, 421 вагони мусофирбар ва 53 тепловоз иборат аст. Зикр шуд, ки айни замон Роҳи оҳани Тоҷикистон аз буҷа ва пардохти музди меҳнат қарздор нест. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.