Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Посухи академики тоҷик ба сарвазири Ӯзбекистон

Посухи академики тоҷик ба сарвазири Ӯзбекистон

29-07-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 434 нафар
Назарҳо: 0
Посухи академики тоҷик ба сарвазири ӮзбекистонҲанӯз моҳи августи соли 2014 мутахассисони сатҳи олии касбӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паём дода буданд, ки барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ягон монеа вуҷуд надорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад сохтмони ин нерӯгоҳро идома диҳад. Зеро мутахассисони соҳа давоми шаш сол (аз с. 2008 то с. 2014) дар маҳалли сохтмони НОБ-и Роғун имконоти техникиву иқтисодӣ ва экологии тарҳи нерӯгоҳро ба тамом омӯхта буданд. Аммо ҷониби Ӯзбекистон то ҳол аз бунёди ин нерӯгоҳ, ки пас аз ба кор даромадани он мушкили норасоии барқ дар минтақа рафъ хоҳад шуд, изҳори норизоӣ мекунад ва бо пеш овардани кӯчактарин далел бонги изтироб мезанад.

Баъди аз ба имзо расидани созишномаи усулии ҳамкорӣ байни ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Salini Impregilо»-и Италия, Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон унвонии Қоҳир Расулзода, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон нома ирсол намудааст, ки дар он мавқеи Ӯзбекистон нисбат ба сохтмони НБО «Роғун» нишон дода шудааст, ки он ҳафтаи гузашта расонаӣ гардид.

Хулосаи мантиқии номаи сарвазири Ӯзбекистон чунин аст, ки гӯё бунёди НОБ-и «Роғун» ба кишварҳои минтақа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Аммо академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ, номзади илмҳои техникӣ, собиқ раиси ШСКХ «Барқи тоҷик» Баҳром Сироҷов дар як суҳбаташ бо АМИТ «Ховар» далелҳои пешовардаи сарвазири кишвари ҳамсояро беасос дониста, иддаои ӯро дар ин маврид аз ҳақиқат дур хонд ва ба далелҳои пешовардаи ӯ мушаххас посух додааст.

Дар номаи сарвазири Ӯзбекистон аз ҷумла омадааст: «Маҷмӯи таҳқиқоти байналмилалӣ таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ исбот кард, ки сохтмони НБО-и «Роғун» барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хатари ҳаҷман бузург дорад».

Аммо академики тоҷик Б. Сироҷов мегӯяд, ин далели пеш овардаи Ш. Мирзиёев баръакси натиҷаи ташхиси байналмилалӣ аст. Дар ягон банди натиҷаҳои ташхиси байналмилалӣ навишта нашудааст, ки сохтмони НБО-и «Роғун» хатари бузург барои тамоми минтақа дорад. Ин суханҳо умуман дар ҳисоботи ташхиси байналмилалӣ навишта ва дар ҳеҷ ҷое ироа нашудааст. Мутахассисони сатҳи олии касбӣ, ки давоми чор сол дар ҳайати ташхиси байналмилалӣ ҳамаи паҳлӯҳои лоиҳаи сохтмон, майдон ва сарбанди сохтмони НБО-и «Роғун»-ро пурра омӯхта баромаданд, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паём доданд, ки барои сохтмони НБО «Роғун» ягон монеа вуҷуд надорад. Соли 2014 дар охирин ҷаласаи гурӯҳи кории ҳайати байналмилалии ташхиси лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун», ки дар Алмаато бо иштироки намояндагони ҳамаи кишварҳои минтақа баргузор шуда буд, ҷониби Ӯзбекистон зид будани худро ба сохтмони ин иншоот изҳор дошта буданд. Ҳамон вақт мутахассисону коршиносони ташхиси байналмилалӣ ба намояндагони Ӯзбекистон фаҳмониданд, ки аввал бо натиҷаҳои тадқиқоти анҷомдодашуда дурусттар шинос шавед, баъд эътирози худро пеш биоред. Аммо намояндагони Ӯзбекистон мавқеи худро дигар накарданд. Метавон бо эътимод гуфт, ки ҷониби Ӯзбекистон ҳамаи ин суханҳоро, ки гӯё сохтмони НБО-и «Роғун» барои кишварҳои минтақа хатари калон дорад, аз пеши худ гуфтаанд.

Сарвазири кишвари ҳамсоя дар идомаи номааш навиштааст, ки гӯё дар бораи хатари НБО-и «Роғун» чандин маротиба дар изҳороти раҳбарият ва коршиносони кишварҳои ҳамсоя низ сухан рафта бошад. Модоме, ки чунин аст, пас чаро изҳороти раҳбарият ва коршиносони кишварҳои дигари минтақаро ба ғайр аз ҷониби Ӯзбекистон касе нашунид ва он расонаӣ нашуд!? Пас чаро сарвазири як кишвар аз номи роҳбарону коршиносони ҳамсоякишварҳояш бидуни ягон далел, садо баланд мекунад?

Б. Сироҷов оид ба ин паҳлӯи номаи сарвазири Ӯзбекистон чунин посух гуфтааст: «Дар бораи сохтмони НБО-и «Роғун» аз кишварҳои ҳамсоя танҳо Ӯзбекистон изҳори норизоӣ кардааст ва чун дар нома беасос «кишварҳои ҳамсоя» гуфта шудааст, бояд худи ҳамин Ӯзбекистон фаҳмида шавад, чун роҳбарият ва коршиносон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин изҳорот надоданд».

Дар идомаи номаи Ш. Мирзиёев омадааст: «Маҳз бо ҳамин сабаб, бо дарки хатарҳои техногенӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки ин лоиҳа дар пайоварди худ дорад, Бонки ҷаҳонӣ иштироки худро дар маблағгузории сохтмони НБО-и «Роғун» рад кард».

Аммо Б. Сироҷов изҳор намудааст, ки ин навиштаҳо низ билкул нодуруст аст, зеро Бонки ҷаҳонӣ ҳеҷ гоҳ барои сармоягузорӣ кардан ба сохтмони НБО-и «Роғун» азм накарда буд, балки аз аввал, пеш аз оғози ташхиси байналмилалӣ мавқеи худро нишон дода, гуфта буд, ки новобаста аз натиҷаҳои ташхиси байналмилалӣ дар сохтмони НБО-и «Роғун» иштирок намекунад. Иштирок кардан ё накардани Бонки ҷаҳонӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳ на аз натиҷаҳои ташхис, балки аз мавқеи усулии он бармеояд. Яъне бонки мазкур аз оғоз чунин лоиҳаҳоро сарпарастӣ накардааст. Лоиҳаи НБО «Роғун» ҳанӯз солҳои 70 омода шудаву зиёда аз 35 сол пеш коркард гардидааст. Дар давоми чор соле, ки аз тарафи ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таҳти сарпарастии Бонки миллӣ ташхиси ҳамаҷонибаи лоиҳаи сохтмон, майдони сохтмон ва сарбанди НБО «Роғун» гузаронида шуд, ба паҳлӯҳо (параметрҳо)-и зиёди лоиҳа вобаста ба дастовардҳои азими илмӣ-техникии замони муосир тағйироти ҷиддӣ ворид карда шудааст. Яъне, ҳамаи он навгониҳои илмӣ-муҳандисӣ-техникӣ, ки дар давоми 20-25 соли охир пайдо ва дастраси инсоният гардидаанд, пурра ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ ворид карда шуданд.

Бинобар ин, даъвои он ки лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» кӯҳна асту аз воқеият дур мебошад, асос надорад ва ин як даъвои подарҳаво аст. Лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» бозбинӣ шудааст ва сохтмони он низ мутобиқ бо дастовардҳои замони муосир пеш бурда мешавад.

Дар поёни мактуби ҷониби Ӯзбекистон маҳали сохтмони НБО-и «Роғун»-ро мавриди шубҳа қарор дода, навиштааст, ки он дар мавзеъе қарор дорад, ки имкони заминҷунбӣ дар он аз рӯи ҷадвали Рихтер 9-10 баллро ташкил медиҳад.

Вале академики тоҷик ба ин паҳлӯи масъала низ ҷавоби мушаххас дода, зикр мекунад, ҷадвали Рихтер, ки соли 1935 аз ҷониби сейсмологи амрикоӣ Чарлз Рихтер тартиб дода шудааст, аз 1 то 9 баллро дар бар мегирад. Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки балли 10-ро дар ин ҷадвал кӣ ва дар кадом асос дохил кардааст? Яъне дар ин маврид низ баҳогузорӣ ба маҳали сохтмони неругоҳ ғайривоқеӣ ва ғаразнок сурат гирифтааст. Ягон асоси илмӣ барои таҳти шубҳа қарор додани майдони сохтмон вуҷуд надорад, зеро ташхиси байналмилалӣ ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоби илман асоснок додааст.

Оид ба он ки ҷониби Ӯзбекистон ҳалли мушкилоти энергетикии Тоҷикистонро дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна мебинад, роҳбари собиқи ширкати «Барқи тоҷик» чунин посух гуфтааст, ки сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ҳаргиз наметавонад Тоҷикистонро аз вобастагии энергетикӣ раҳо кунад ва истиқлолияти энергетики, яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат эълон шудааст, пурра таъмин кунад. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ 300 нерӯгоҳи хурд ва инчунин ду неругоҳи миёна-НБО «Сангтӯда 1» ва «Сангтӯда 2» ба истифода дода шуданд, аммо то ҳол мушкили нерӯи барқ ҳалли худро наёфтааст. Нерӯи барқи НБО «Роғун» барои бунёди саноату истеҳсолот дар Тоҷикистон нигаронида шудааст. Барои расидан ба ҳадафҳои ҳазорсола, яъне таъмини зиндагии шоиста барои сокинони мамлакат ва минтақа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум маҳз анҷоми сохтмони НБО «Роғун» заминаи асосӣ гузошта метавонад.

Ҷониби Ӯзбекистон доимо аз он норозигӣ мекунад, ки гӯё бо бунёди НОБ-и «Роғун» ва нерӯгоҳи «Қамбарота»-и Қирғизистон об дар рӯдхонаҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ камтар ва аҳолии кишварҳои поёноб ба камбуди об дучор мешаванд. Вале Раҳимбек Мамиров, муовини пешини вазири энергетикӣ ва саноати Қирғизистон дар як гузориши худ дар робита ба ин масъала гуфтааст, ки кишварҳои поёноб ҳамеша миқдори дар қарордодҳои байнидавлатӣ пешбинишудаи обро мегиранд ва хоҳанд гирифт.

Таҳлилгари тоҷик Б.Сироҷов мегӯяд, нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак»-и Тоҷикистон ва «Тоқтагул»-и Қирғизистон низ дар минтақаи кӯҳистон сохта шудаанд ва тақрибан 40 сол мешавад, ки бидуни мушкили экологӣ фаъолият доранд. Чун ин нерӯгоҳҳо дар солҳои Шӯравӣ сохта шуда буданд, ба сохтмони онҳо кишварҳои поёноб мухолифат нишон надоданд. Барои муқоиса, фарқияти НОБ-и «Роғун» аз нерӯгоҳи «Норак» ин аст, ки баландии садди обанбори «Норак» 300 метр аст, дар сурате ки баландии садди НОБ-и «Роғун» 335 метр хоҳад буд. Ғунҷоиши обанбори «Норак» 10 миллиард метри муккааб об аст, ғунҷоиши нерӯгоҳи «Роғун» 13,3 миллиард метри муккааб хоҳад буд.

Дар сурати такмили корҳои сохтмонӣ ва васли 6 чархаи 600-мегаватӣ неругоҳи «Роғун» метавонад 3 600 мегават нерӯи барқ тавлид кунад, ки он баробар бо тавоноии се реактори ҳастаӣ мебошад. Ширкати италиявии “Salini Impregilo”, ки ҳоло масъулияти сохтмони НОБ-и «Роғун»-ро ба уҳда гирифтааст, таҷрибаи бунёди нерӯгоҳҳои бузургро дорад. Масалан, ин ширкат дар Эфиопия бо маблағи 2,8 миллиард доллар нерӯгоҳ бунёд кардааст, ки ҳоло 2 200 мегават нерӯ тавлид мекунад.

Академик Б.Сироҷов, бар ин назар аст, ки ширкати италиявии “Salini Impregilo” таҷрибаи хуб доранд ва агар ҳамкориҳо бо ин ширкат бидуни мамониат оғоз ёбад, эҳтимол баҳрабардорӣ аз ду чархаи аввали НОБ-и «Роғун» дар соли 2018 шуруъ хоҳад шуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ӯзбекистон дар гузашта низ ба сохтмони НОБ-и «Роғун» зиддият нишон дода, садо баланд карда буд. Бояд гуфт, ки далелҳои пешовардаи сарвазири ин кишвар, ки дар номааш унвонии Қоҳир Расулзода дарҷ гардидааст, идомаи мантиқии даъвоҳои қаблист ва бинобар сабаби бе асос буданашон Ҳукумати Тоҷикистон ва таҳлилгарони кишвар дар асоси натиҷаи ташхиси мутахассисону коршиносони байналмилалӣ ба онҳо посухҳои мушаххас дода буданд.
Ибодуллоҳи Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: