Афсари Русия барои қатли Шоира 12 сол зиндонӣ шуд2-08-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
Иван Шербаков, сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли Шоира Ҷобирова, сокини 22-солаи Душанбе муттаҳам дониста мешуд, ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ҳамчунин ӯро ба пардохти 1,5 миллион рубли русӣ ҳамчун зарари моддӣ ва маънавӣ ба наздикони Шоира Ҷобирова вазифадор кард.
Тибқи қарори додгоҳ, Иван Шербаков давраи ҷазоро дар яке аз маҳбасҳои вилояти Красноярски Русия сипарӣ хоҳад кард. Наврӯз Султонов, аз наздикони хонаводаи Шоира Ҷобирова мегӯяд, онҳо аз ҳукми додгоҳ то андозае розӣ ҳастанд ва аз болои он шикоят нахоҳанд бурд. Иван Шербаков, афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, бо гумони қатли Шоира Ҷобирова 9 ноябри соли гузашта боздошт шуд. Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи 11 ноябри соли 2015 аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас карданд. Кормандони бемористон гуфта буданд, ки дар бадани Шоира осори лату кӯб мушоҳида шуда аст. Гумонбарро баъди боздошт фавран ба Екатеринбурги Русия барои ташхиси равонӣ фиристоданд, ки ин ташхис 5 моҳ идома кард. Моҳи марти соли ҷорӣ, баъди он ки табибон ӯро солим дарёфтанд, Шербаков дубора ба Душанбе фиристода шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.