Мулоқот бо соҳибкорони бозори «Шоҳроҳи Абрешим»16-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот дар толори бинои маъмурии бозор бо иштироки зиёда аз 150 нафар соҳибкорзанони инфиродӣ доир гардид. Ба мулоқот муовини раиси ташкилоти ибтидоии бозор Рабоат Шукурова ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли нишастро бо ҳадафи чорабинӣ шинос намуд.
Раиси комиссияи кор бо занони назди кумитаи иҷроия М.Мирпочоева зимни баромадаш тибқи дархости пешакии роҳбарияти бозор доир ба масъалаҳои зарурати қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», омилҳои асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ, вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, сабабҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ истода гузашт. Дар бораи риояи ҳатмии сару либоси миллӣ ва манъи қатъии фурӯши он дар бозор, тартибу интизоми занон, риояи одоби муошират, омода намудани духтарону ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, диққати зарурӣ додан ба тарбияи фарзандон раиси Шӯрои занони ноҳия, аъзои кумитаи иҷроия Д.Бобоева суханронӣ намуд. Сипас, соҳибкорон Асоева Мӯътабар, Қосимова Сановбар, Рӯзиева Майсара оид ба масъалаҳои гаронии андоз ва иҷораи дӯконҳо, харидории сару либоси мактабӣ, фаъолияти хадамоти гумрук саволҳо дода ба он посух гирифтанд. Фурӯшандаҳо Солиева Қаноат, гурӯҳи 10 нафара бо роҳбарии Саноат Рофиева, Мирзоева Баҳрӣ дар бораи мушкиливу муаммоҳои шахсии хеш дар алоҳидагӣ фикру андешаҳои хешро баён намуданд. Дар рафти гуфтушунид ба онҳо маслиҳат ва тавсияву дастур дода шуд. Дар охир раиси бозор Азизов Мӯҳсинҷон аз номи иштирокдорон ва маъмурияти бозор минатдории хешро баён намуда, таклиф кард, ки чунин вохӯриҳои судманд дар се моҳ як маротиба агар гузаронида шавад, натиҷаи дилхоҳ медиҳад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.