Боз як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфт16-07-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Дар беморхонаи №3-и деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён маҷлиси муассисон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Шарипова Т. иштирок ва суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки таъсис ёфтани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар беморхонаи № 3-и ноҳия иқдоми хубест, дар доираи чорабиниҳои 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб ва амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хоҳад шуд.
Дар маҷлис Хоркашов Кобулӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.