Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Саидакмал Саидзода - чемпиони Тоҷикистон оид ба Брекданс

Саидакмал Саидзода - чемпиони Тоҷикистон оид ба Брекданс

22-07-2016, 16:30
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
Саидакмал Саидзода - чемпиони Тоҷикистон оид ба Брекданс
Дирӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар толори «New ERA Dance & Fitness Studio» мусобиқаи марҳалавии интихобии ҳарсолаи брекданс бо номи Red Bull BC One баргузор гардид. Дар он 20 нафар беҳтаринҳо аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ширкат дар марҳалаи Осиёи миёнагӣ мусобиқа намуданд. Мусобиқаро, ки бо иштироки бештар аз 1000 нафар мухлисон баргузор гардид довари дараҷаи олӣ аз Венесуела Ту Ҷӣ сардоварӣ кард. Дар натиҷаи мубориза тезу тунд аъзои гуруҳи брекдансчиёни шаҳри Хуҷанд Саидакмал Саидзода бо номи Bboynimble ғолиби мусобиқа ҳамзамон чемпиони Тоҷикистон оид ба Брекданс гардид ва ба роҳхат мусобиқаи Осиёи Маркази ки моҳи август дар шаҳри Алмаато баргузор мегардад, соҳиб шуд.

Саидакмал Саидзода - чемпиони Тоҷикистон оид ба БрекдансҶои дуввум ва севвум насиби варзишгарон аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва Душанбе гардиданд, ки намояндаи шаҳри Қӯрғонтеппа Хуршед Ҳомидов бо номи bboyKhura соҳиби роҳхати дуввум гардид. Мусобиқаи байналхалқии брекдансчиён (“Бибоев”) - ҷаҳон байн 16 нафар беҳтаринҳо аз ҷониби ширкати нӯшокиҳои энергетикии Red Bull таъсис шудааст. Мусобиқа аз руи усули ”1 ба 1” баргузор мегардад ва ғолибро 5 нафар довар муайан мекунад. Red Bull BC One аз мусобиқаҳои дигар бо усул ва тартиби гузаронидан тафовут менамояд. Саҳнаи доирашакл бо акси оина ва видиокамераҳои зиёди сабт мусобиқаро шукӯҳи дигар мебахшад. Ин мусобиқа ҳар сол дар шаҳрҳо мамалакатҳои гуногун гузаронида мешавад. Соли 2004 дар Биле (Шветсария), соли 2005 дар Берлин (Олмон), 2006 дар Сан-Паулу (Бразилия), 2007 дар Йоханнесбурге (Африкаи ҷанубӣ), 2008 дар — Париҷ (Франсия), 2009 дар Нйю-Йорк ( США ), 2010 дар Токио (Ҷопон), 2011 дар шаҳри Маскав (Россия), 2012 дар Рио-де-Ҷанейро (Бразилия), 2013 дар Сеуле (Корея), соли 2014 дар Париҷ (Франсия), ва соли 2015 дар Рим (Италия) баргузор гардид. Соли равон марҳалаи финалии мусобиқа дар Нагояи Ҷопон моҳи декабр баргузор мешавад Ғолиби мусобиқаи Осиёи миёна дар Алмаато ба Ҷопон роҳхат хоҳад гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: