Таблиғот ва маърифати ҳуқуқӣ19-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиянамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар толори қасри фарҳанги ноҳия вохӯриву мулоқот бо аҳолии ҷамоати шаҳраки Қубодиён баргузор гардид. Дар ҷамъомад асосан дар бораи пешгирӣ намудани ҷиноят, ҳодисаҳои худкушӣ, ҳудсӯзӣ, суиқасд ба ҷон, ҷудошавии оилаҳо махсусан дар байни ҷавонон, гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ суханронӣ намуданд.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Т.Шарипова дар бораи масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, дастуру супоришҳои Раиси ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум фаҳмонида дод. Чунин вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав низ баргузор гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.