Нақша иҷро гардид4-11-2015, 14:30
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Ноҳияи Қубодиён нақшаи даъвати сафарбар намудани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд. Рӯзи 3-юми ноябри соли 2015 дар ҷамъомад узви КИ ҲХДТ, раиси ноҳия Абдураҳмонзода С. С. раисонеро, ки нақшаи даъватро иҷро намуда буданд, бо Ифтихорнома қадршиносӣ намуд.
Ҷойи аввал насиби раиси ҷамоати деҳоти Навобод Одинаев А., ҷойи дуюм насиби раиси ҷамоати деҳоти Заркамар Сафаров Х. ва ҷойи сеюм насиби раиси ҷамоати деҳоти ба номи У. Назаров, Юсупов Н. гардид. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.