Мулоқот бо аҳолӣ ва қабули шаҳрвандон19-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 155 нафар
Назарҳо: 0
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ноҳияи Данғара бо шаҳрвандони ноҳия вохӯрӣ доир намуд.
Онҳо ба раиси вилоят оид ба мушкилиҳои ҷойдошта муроҷиат намуданд. Зимни вохӯрӣ Д.Гулмаҳмадзода посухҳои қаноатбахш дод. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Гулонов Раҳмон ба сухан баромада, таклиф пешниҳод намуд, ки чун Пешвои миллат унвон шудани раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боиси хурсандии мардуми тоҷик аст, муҷассамаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳи ӯ дар маркази ноҳияи Данғара гузошта шавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.