Шумораи ҷангиёни ДИИШ кам гардидааст19-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нишондодҳои оморӣ шумораи ҷангиёни ДИИШ аз кишварҳои мусулмонӣ кам гардидааст. Дар ин бора Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Вай ҳамчунин илова намуд, ки имрӯзҳо гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳолати вазнин қарор дорад ва аллакай бисёриҳо дарк намуданд, ки ба ин гурӯҳи террористӣ ҳамроҳ шудан оқибати хуб надорад ва аз пайвастан ба ин гурӯҳ даст кашиданд. Ба андешаи номбурда, хатарноктарин идеологияе, ки ҷангиёни ДИИШ доранд, ин нобуд кардани давлатҳои миллӣ мебошад ва он на танҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба тамоми давлатҳои исломӣ хатар дорад. Аммо, Худойбердӣ Холиқназар аз дасисаҳои пуштипардагӣ ва бозиҳои сиёсие, ки дар Афғонистон ба вуқӯъ мепайванданд, изҳори нигаронӣ карда, тасарруфи шаҳри Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистонро яке аз дасисаҳои пушти парда унвон кард, ва афзуд, ки ҳанӯз маълум нест, ин корҳоро кӣ анҷом медиҳад. «- Аз ин бозиҳои сиёсию геополитикӣ тамоми кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) нигарон ҳастанд ва эҳсос мекунанд, ки хатар аз Афғонистон метавонад зиёд шавад. Бинобар ин, барои ҷилавгирӣ аз хатари гуруҳҳои ифротию террористӣ дар Афғонистон, бояд кишварҳои узви СПАД омодагии доимӣ дошта бошанд, - афзуд директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. И. Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.