Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Бӯҳрони чӣ?

Бӯҳрони чӣ?

18-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Бӯҳрони чӣ?Инак моҳи имтиҳони мустаҳкамии имон ва эътиқодоти мусулмонон – рамазон, ба рӯзҳои дарозтарини сол, гармои фасли тобистон ва буҳрони иқтисодии ҷаҳон эътиное накарда дар вақти муқаррарии худ омаду рафт. Мо ид кардем, сипарӣ гаштани моҳи хайру сахо, омурзиши гуноҳҳо, қабули тавбаву надомат ва бозтар гаштани дасти хайри мусулмонон ва гӯё меҳрубонтар шудани одамонро ба ҳам, ки аз шартҳои ин фарзи худовандист, бояд ба ҷо меовардем.

Вале оё мо воқеан эътиқодманду ба қалб имондорем ва аз ин имтиҳони ҳамасола бори дигар гузаштем? Инро танҳо Офаридгор медонад ва баҳои мо дар рӯзи ҷазо эълон мегардад, мегӯянд аҳли тақво. Ба андешаи мо дар ин имтиҳон ба аксари мо баҳои 3 ҳам ҳайф аст.

Таъсири буҳрони молиявӣ дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти мо рӯшан аст. Қисмати зиёди буҷаи идораҳои давлатӣ кам гардиданд ё бурида шуданд, бозорҳои хонаву мошин гӯё касод аст, ҳарчанд арзонист мегӯянд, савдо ҳам нест. Лоиҳаҳои иҷтимоии болоравии маошу нафақа аз як сол ба соли дигар интиқол гашту хушбахтона имсол амалӣ гардид. Ихтисорот дар бонкҳо бекориро дар ин самт афзоиш дод. Дар ҷомеа ҳам қарздорон гурезону қарздодагон музтар мондаанду «обе сарашонро намешӯяд», ба ҷуз зиндонӣ кардани қарзгирифтаҳо, ки аксаран қаллобанд, Шикофҳои (лазейки) зиёди қонунгузорӣ, ки дар дигар кишварҳо дар ҳоли тағйирёбиянд, ҳанӯз кайфияти қонунгузорони моро дигар накардааст, зеро умедворанд барои «иҷро»-и ваъдаҳои ба интихобкунандагон додаашон ҳанӯз вақт ҳасту шояд буҳрон бигзараду овоздиҳандаҳо ин «бечорагӣ»-и вакилонро пеши ҳар гуна буҳронҳо дар интихоботи оянда фаромӯш созанд?

Нархҳо чун ҳама солҳои дигар дар рамазон болотар рафтанду бо эълони 20% зиёд шудани маоши идораҳои буҷавӣ ҳеҷ гоҳе дигар поин нахоҳанд омад. Ин соли аввал нест, ки бо овозаи «зиёдшавӣ»-и маош, нархҳои бозор ин «тифли орзуии мардум»-ро ҳанӯз дар батни модар мекушад. Ҳанӯз маоши зиёдшуда ба дасти кормандони идораҳо нарасида, бозор онро чунон «танзим» мекунад, ки беҳтар шудани рӯзгори мардум ақаллан дар орзуҳо ҳам зинда намонад. Ҳама сабуранду бар он эътимод, ки бозор ба қонунҳо итоатгар нест, зеро сохти демократии интихобкардаи мо тиҷоратро озод эълон карда, вале ин озодиро манфиатдорони савдо ба анархия табдил додаву даҳони масъулони ҳама зинаҳоро «бастаанд», магар, ки худ кадхудоянд?

Буҳрони имон?
Вобастагии молиявӣ, ки иқтидори он аз эътиқодоти мо ҳамеша болост, мусаллам аст, ки ғолиб омада. Охир ёд дорем, қиссаеро ки шахси гурусна китоби Қуръонро зери по монда аз тоқи баланд, ки қадаш намерасид, нонро гирифта хӯрдааст. Ё гуфтаи «гушна имон надорад», борҳо собит гаштааст, ки воқеият дорад.

Бо ин гуфтанӣ нестем, ки мардуми мо дар рамазон гушна монданду эътиқод шикастанд. Зеро шукр гуруснагиро танҳо онҳое ёд доранд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ соҳиби ақл буданд, яъне калонсолон.

Имсол дар моҳи шарифи рамазон на танҳо нархҳо собитгари имондории заифи мо шуданд, балки аз қасами дурӯғ касе наметарсид. Фиреби ҳамдигар, ки рӯиросту бе хиҷолат буд, заррае кам не, афзуд. Он нигоҳҳои хайрхоҳонаву меҳрубон ва дасти сахои аксари мусулмонон ҳам хеле кӯтоҳ буд. «Ифтор» ба хотири хайру саховат, ки яке аз маъракаҳои маъруфи мусулмонон дар моҳи рамазон буд, имсол хеле кам шуд, дар ҳоле, ки дар рамазонҳои гузашта, ҳамсоягон навбат мепоиданд, барои баргузории ҳамчунин маъракае.

Теъдоди мошинҳои кӯча низ дар рӯзҳои аввали рамазон якбора кам гардид, ки нишоне аз рӯзадор будани ронандагону мусофирон буд, дар нимаи дуюми ин моҳ боз чун рӯзҳои муқаррарӣ шуд. Бахилии ронандагони маршруткаҳо, ки гӯё чанд рӯзи аввали рӯзадорӣ аз байн рафта буд, боз «бо якдигарро қариб, ки тела дода гузаштан» чун 11 моҳи муқаррарии сол дар охири рамазон авҷ гирифт.

Мушоҳидаҳои зиёде аз рафтору гуфтори одамон шоҳиди буҳрони имондории мо бо таъсири буҳрони молиявӣ сари ҳар қадам собитгари он буд, ки мутаассифона, эътиқодоти мо дар гуфторамон мустақар аст, нисбати имонамон. Яъне мегӯем, вале намекунем.

Буҳрони сиёсӣ
Сиёсат дар ҷаҳон имсол гирифтори бӯҳрони нобоварӣ ва хавфу тарс аз ҳамдигар гаштааст. Таҳдидҳои абарқудратон рӯирост гашту ҳар кадоме барои «шикастан»-и якдигар ба ҷойи ҳалли мушкилоти буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, онро фарогиртар карданд. Дӯстии дипломатонаву сиёсии сарварони аксар кишварҳои муқтадир парда аз рӯи хеш бардошту ҷойи онро дар ҷангҳои иттилоотӣ таҳдид ва дар воқеият намоиши яроқу аслиҳаи ҷангӣ ва хунрезиву террор гирифт. На рамазон ва на буҳрон ба хотири эҳтиром ба дину ойин ва фармудаҳои ҳамаи динҳо, садди роҳи қатлу ғорату куштору хунрезӣ нашуд. Он қадар амалҳои даҳшатафкани террористӣ ва он қадар кушта шудагон аз ҳосили ҷангҳои «мусулмонӣ»-ву «номусулмонӣ» боқӣ монданд, ки нишони ҳама гуна буҳрон аз одамиятро собитгаранд.

Аз ҳама шабакаҳои ҷаҳонии телевизионӣ, танҳо садои таркишу бомбаборон ва садои ҷангҳои лафзиву иттилоотӣ дида мешаваду аз радиову матбуоту интернет он қадар хабарҳои даҳшатангези душмании одамони қитъаҳои олам паҳн мегардад, ки дигар эътимод ба ҳеҷ касу ҳеҷ чиз намондааст.

Буҳрон, буҳрони авҷи ҳирс, тамаъ, тамаллуқ, дурӯғ, худхоҳӣ, беэътиборӣ, бӯҳрони инсонгароӣ рӯи олам мегирад. Буҳрони ақл, дониш, ҳунар дар олам одамонро торафт ба мошинҳои бе рӯҳу эҳсоси муосир монандтар мегардонад.

Буҳрони боварӣ?
Ҳарчанд бештар тарбияи асолату ватандорӣ мекунем, ҷонфидоӣ ба хотири меҳан ҳоло ҳам камтар эҳсос мегардад. Ҳарчанд аз ахлоқу виҷдон зиёдтар тарбия карданӣ мешавем, он костатар мешавад. Ҳарчанд масоҷидамон меафзояд, имонҳо заифтар ва шиорҳои имондорӣ баландтар гашта бо ҷудоиандозиҳо миёни мазҳабу суннатҳо нифоқу нобоварӣ ба ҳамдигарро алангадор месозем.

Теъдоди мактабҳо бешу савод камранг, дипломдорон бештару мутахассисон камтар, демагогҳо афзуну амали ақли солим нопадидтар мегардад.

Вале ин ҳамаро ба гардани буҳрони иқтисодӣ наметавон бор кард, зеро ҳам ин «гардан» мешиканад ва ҳам медонем, ки чунин буҳронҳо, ки дар таърихи инсоният борҳо омадаву рафтаанд ва хушбахтона гузарандаанд. Пас ин буҳроне, ки одамро ба одам душман, эътимодро ба ҳамдигар шикаста, эътиқодро ба дин коста ва ҷангу ҷидолро масъалаи асосии сиёсат дар ҷаҳон кардааст, буҳрони чист?

Оё ин буҳрон, ҳамин буҳроне, ки ҳатто имони одамони динҳои гуногун онро натавонист садди роҳ бигардаду ақаллан эҳсоси одамгарии моро нобуд насозад, чӣ роҳи баромад дорад, суоли матраҳ аст.

Ё моро ба нобуд мебарад ё мо онро нобуд месозем. Буҳроне, ки бояд моро қавӣ гардонад, то нашканад. Муттаҳид бошем, то ин буҳронҳои гузарандаро устуворона пушти сар созем.

Буҳрони эътимод ба ҳамро танҳо боварӣ ба ҳамдигар ва якдилу якҷон шудан зафар карда метавонад. Иттиҳод намоем, то музаффар бошем.

Ҳуриннисо Ализода
РS: Ин матлаб каме пештар навишта шуда буд. Иттилоъ ёфтем, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори шаҳри Душанбе масъулини чанд бозорро сабукдӯш карда, қиматфурӯшонро ҷазо медиҳад. Эй кош буҳрони масъулияти раисон ва имони ҷаллобон бо ҳамин тадбир бигузарад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: