Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Қасам. Чаро он иҷро намешавад?

Қасам. Чаро он иҷро намешавад?

25-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 821 нафар
Назарҳо: 0
Қасам. Чаро он иҷро намешавад?
Қасам, яъне савганд матн ё гуфтаест, ки гӯянда онро барои исботи ростқавлӣ ва ё қотеъияти ба гардан гирифтани масъулияте ба забон меорад. Аз ин рӯ савганд хурдан ё савганд додан, савганд ба забон овардан, қасам хӯрдан ҳамеша кафолат ё далели мӯътамади иҷро шудани амал ё ваъдаест. Ҳанӯз аз замони афсонаҳо , аз таърихи шоҳону вазирон, адабиёт ва аз даврони пайдоиши хату навиштаҷоти гузаштагони мо савганд хӯрдану қасам нашикастан аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб гашта, акси он ҳамеша мавриди сарзанишу накӯҳиш қарор мегирифту мегирад.

Кардаӣ аҳди вафо, ман хӯрдаам савганди меҳр,
Бишканад аҳди ту, аммо нашканад савганди ман.


Аз ин байти Бадриддин Ҳилолӣ бармеояд, ки савганд аз аҳд ҳам болотар аст, яъне кас метавонад аҳдро шикастан, аммо қасамро шикастан гуноҳи вазнинтар аст.

Вале оё имрӯз ҳам чунин аст?..

Мо чӣ гуна қасамҳо дорем ?
Шояд ба чор гурӯҳ тақсим кардани савгандҳо аз нигоҳи мо иштибоҳе набошад. Зеро дар таҷриба бештар ба қасамҳои сиёсӣ, суннатӣ, касбӣ ва халқӣ вохӯрдаем.

Дар замони кӯдакии мо, ки сохти шӯравӣ амал мекард, қасамҳои сиёсӣ бештар буданд. Ҳангоми шомил шудан ба сафи ҳизб, комсомол ё пионер қасами хоса хӯрда мешуд, ки шикастани он ба ҷинояту хиёнат баробар буд. Масалан, агар кас «ба виҷдони коммунистиям» гуфта қасам мехӯрд ва онро мешикаст, онро хиёнаткарда ба муқаддасот меҳисобиданд. Барои ҷавонон бештар савгандҳои «Ба виҷдони комсомолиям» ва барои кӯдакон шикастани қасами «виҷдони пионерӣ» хеле кори ҷиддӣ буд. Вале баъдан бо тағйир хӯрдани сохти давлат савгандҳо ҳам дигар шуданд.

Дигар шудани савгандҳо
Ҳарчанд дар замони шӯравӣ ҳам қасамҳои динӣ зиёд буданд, баъдан онҳо боз бештар шуда мазмуну муҳтавои дигар гирифтанд, вале вақтҳои охир ин қасамҳо ҳам дигар боварибахш нестанд. Имрӯзхо дилхоҳ кӯдак сухани худро дар оддитарин нақлаш бо савганди «Ба номи оллоҳ» сар карда боз чандин маротиба ҷумлаҳояшро бо ин қасам «зеб» медиҳад. Вале чун рӯирост дурӯғ мегӯяд, эҳсоси хиҷолат ҳам намекунад, зеро барои пайравӣ мисолҳои зиёде аз калонсолон дорад, ки бешармона дар пеши кӯдак қасам хӯрдаву садҳо бор қасам мешикананд. Савганди сиёсии кӯдакона ё нест ё кам шунида мешавад, шояд аз он сабаб, ки пешоҳангонро дигар аз лиҳози идеологӣ сахт тарбияи садоқату ватандӯстӣ намекунанд?

Гиппократ ҳам дар хиҷолат
Дар бораи қасамҳои касбӣ, ки машҳуртаринаш «қасами Гиппократ» аст, шояд ҷойи ёдоварӣ ҳам набошад, зеро тиби мо акнун қариб, ки пурра «шахсӣ» шудааст, яъне табобат ёфтани бемор бештар аз садоқати табибон ба касб не, аз ҳамёни бемор вобастагӣ дорад. Савганди табибон аз рӯи фармудаи пирашон Гиппократ тақрибан бояд чунин бошад «Ман ба назди бемор ҳеҷ гоҳ ба нияти бадӣ кардан (шояд зарар расонидан бошад?) намеравам ». Аммо имрӯзҳо духтури момодоя (акушер гинеколог) барои рӯёнидани маблағ зани ҳомилаеро, ки ҳанӯз дарди зоиш нагирифтааст, пеш аз муҳлат бо укол зоёнданашро ба устодаш Гиппократ чӣ тавр шарҳ медиҳад, номаълум. Ё одамон дар хусуси садҳо ҷарроҳиҳое, ки онҳоро бо дору сиҳат кардан мумкин аст, перомуни ҷарроҳон бо шикастани он савганди дар дунё машҳури тиббӣ, ҳазорон қиссаву шикоят мегӯянд. Кас аз ба назди табибон рафтан ё бурдани пайвандонаш метарсад, зеро аксари онҳо кайҳо қасамшикаставу ба ҷамоаи дурӯғгӯён пайвастаанд.

Беэътибории савгандҳои мазҳабӣ
Савгандҳои ба истилоҳ динӣ ҳам, мутаассифона, кайҳо қимати хешро гум кардаанд. Ҳарчанд дар кишвари мо теъдоди масоҷид кайҳо аз муассисаҳои фарҳангиву макотиб гузашта бошаду сафи намозгузорону рӯзагирон торафт ҷавонтар шудаву ришу салла ва сатру либоспӯшиҳои мардонаву занона ба қавле динӣ шудаанд, вале қасамҳои дурӯғи динӣ ва шикастнаи онҳо пинаки касеро вайрон намекунад. Ба онҳо на эътимод баста мешаваду на ба лафзи қасамхӯрон эътиқод. Аз худо натарсида ба номаш қасам хӯрдани пиру барно ба қавле «қаймоқи гап» шудааст. Ришдор ҳам дурӯғ мегӯяду савганд мешиканад, намозхону рӯзагир ҳам. Дар масҷид ҳам шояд таълимоти ҳақ гуфтан ва ба лафзу аҳд устувор будан таъкид намегардад ё қасамшиканиро куфр гуфтан ҳам дигар бетаъсир аст, ки дар нутқи пурқасами пиру ҷавон худиву бегона оҳанги ҳақиқат дигар садо намедиҳад, вале дар гуфтаҳо қасам болои қасам аст.Қасам ба Қуръон ҳам аз шумули савгандҳои мо «тақводорон» аст, ки ба росту чап ҳаво дода бе ягон азоби виҷдон онро мешиканем. Ҳол он ки як замоне қасамзада- худозада мегуфтанд.

Қасам ё «гарантия»?
Савгандҳои халқӣ, ки бештарашон хислатҳои хонаводагӣ доранд, низ кайҳо дигар қурб надоранд. Тибқи фармудаи Ислом динӣ каси ба «занталоқ» қасам хӯрдаву онро шикаста, дигар ҳуқуқи бо зани худ зистанро надошт. Дар аксар маврид ин қасами мардона бо ибораи «хонаам ҳаром» ифода мешуд, ки дар ҳолати камтарин одамон аз он истифода мекарданд ва онро намешикастанд, аммо ин гуна қасамҳо ҳам барои «чор танга» аз ҷониби «муллоҳо» ривоят ёфтанд. Қасам дар кӯчаву бозор хонаву мактаб, идораву даруни нақлиёт дар қарзхоҳӣ, дар ҷанҷолу хархаша, дар таҳдиду оштӣ дар суҳбату гуфтугӯи муқаррарӣ дигар ба қавле мубоҳ шудааст. Ҳарчанд ба он бовар намекунанд, вале аз миён ҳам намеравад. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки ҳатто дар рамазон ҳам одамон дидаву дониста ва бардурӯғ савганд мехӯранд. Дар бозор бошад, вақтҳои охир аксар ба ҷойи қавлу қасам калимаи «гарантия»-ро истифода мекунанд. Савдогарон хуб медонанд, ки моли бадсифатеро қимат фурӯхта истодаанд, вале бо гуфтаҳои: «Бигир гарантияш қатияй, агар нашуд, гардонда биёр» молашонро савганд хӯрда ба муштарӣ мефурӯшанд. Хуб медонанд, ки ин «гарантия» як гапи ҳавоие беш несту онҳо молашонро ба ҳеҷ ваҷҳ пас намегиранд, вале савганд мехӯранд, яъне «гарантия», аниқтараш ваъдаи бардурӯғ медиҳанд, ки хандаовар аст.

Хунсардӣ ё дидаву дониста виҷдони хешро фурӯхтану онро бо қасам мустаҳкам кардан хоси замони муосир аст, вале нигаронӣ бояд аз он бошад, ки бо ин қадар дурӯғ ва бо рост кардани онҳо бо қасамҳои дурӯғин мо ба наслҳои баъдӣ чӣ мероси ахлоқӣ вомегузорем?

Ба номи Оллоҳ, Қуръон занад, нон кӯрам кунад,виҷдони инсониям бисӯзад, имонам аз кофир, ба сари фарзандонам қасам, ҷувонимарг шавам агар…, хонаам бисӯзад, занам талоқ, пес шавам, дурӯғгӯ душмани Худо ва садҳо савгандҳои дурӯғро сипар карда ҳамдигарро мефиребему наметарсем, зеро виҷдону имонамон заиф асту мо онро пинҳон карданӣ мешавем, зери пардаи қасам.

Қасамҳои конститутсионӣ
Дар тағйироту иловаҳои тозавориди Конститутсияи ба наздикӣ қабулкардаамон барои чандин мансабу мақомҳо қасамҳо дар назди Президенти Тоҷикистон ва савганд бо Конститутсияи кишвар пешбинӣ шудаанд, ки матни онҳоро ҳам баъдан дар қонунҳо инъикос мекунанд. Таҷрибаи савганд додани аксар соҳибмақомон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар маҷлисҳои сатҳи баланд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пештар ҳам борҳо ёдрас гардида буд. Зеро қасам хӯрдани як масъуле дар иҷрои вазифаи муҳим бояд садоқату ҷавобгарии ӯро дар назди роҳбарият ва халқу давлат зиёд гадонад. Чуноне ки барои шикастани қасами ҳарбӣ ва хиёнат кардан ба Ватан ҷазоҳои сангине пешбинӣ мешаванд.

Суоли матраҳ он аст, ки ашхоси соҳибмақом дар ҳолати шикастани савганди конститутсионӣ чӣ тавр ҷазо мебинанд? Оё касе ҷуръати шикастни чунин қасамро дошта бошад? Шояд бо роиҷ шудани чунин қасамхӯрии сатҳи баланд дар баробари афзудани масъулияти соҳибмансабон, таъсири неки он ба қишрҳои поёнтари ҷомеа, яъне ба ахлоқи мардум ҳам мегузараду одамон аз қасамҳои бардурӯғ даст мекашанд? Ё баръакс қасамҳои касбии мансабдорон ҳам чун қасамхуриҳои бемасъулиятонаи мардум, шикаставу бебақо хоҳанд буд?

Кош чунин шавад, ки савгандхӯрон бори масъулияту ҷавобгарӣ бикашанду бад ин васила ҷавонмардиву ростқавлӣ ва садоқату виҷдондорӣ аз «мӯдҳо»-и пайравидори имрӯзи мо бигардад. Қасам нашиканем, зеро он гуноҳ аст, нобахшиданӣ. Қасам бояд бори виҷдону имон бикашад, вагарна он гуноҳе асту бас.
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: