Раиси кумитаи дин: Майли ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ рӯ ба коҳиш аст15-07-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзим, анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода гуфт: «Майли ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ ва гароиши онҳо ба чунин ҷараёнҳо рӯ ба коҳиш аст.»
Мақоми ниҳоди номбурда ин матлабро рӯзи сешанбе, 12 июл дар нишасте ба хабарнигорон баён кард ва афзуд, ки ин натиҷаи кори густурдаи ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ буда, аммо наметавонад боиси хотирҷамъии мо шавад. Ба гуфтаи ӯ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба хотири пешгирӣ аз таҳти нуфузи тарғибгарони дохилию хориҷӣ қарор гирифтани ҷавонон дар оянда низ идома хоҳад кард. Дар нишаст инчунин зикр гардид, ки айни ҳол, тибқи ҳисоботи мақомоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 228 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои исломӣ машғули таҳсили ғайрирасмӣ дар муассисаҳои динианд. Ин дар ҳоле аст, ки то оғози иқдомоти давлат ҷиҳати бозгардондани ҷавонон аз муассисаҳои хориҷӣ 3233 нафар шаҳрвандони кишварамон берун аз Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то содир шудани чунин дастур қариб 2 ҳазор ҷавон ва пас аз интишори дастури бозгашт 1059 нафар донишҷӯи тоҷик аз муассисаҳои динӣ ва марказҳои омӯзишии хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Дар гузориши ниҳоди номбурда омадааст, ки мутаассифона аз ин миқдор ҳудуди 60 нафар бо ҳар роҳ дубора ба ҷои таҳсили пешинаашон баргаштаанд. Дар ин конференсияи матбуотӣ, ки ба фаъолияти нимсолаи Кумита бахшида шуд, таъкид гардид, ки таҳдиди гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷараёнҳои ба ном исломӣ нафақат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми ҷаҳон, ба хусус ба кишварҳое, ки аксари ҷамъияташон мусалмонанд, рӯ ба афзоиш аст. Ба ин далел, иқдомоти пешгиронае, ки давлати Тоҷикистон дар заминаи пешгирӣ аз густариши фаъолияти чунин ҷараёнҳо аз роҳи маҳдуд кардани фаъолияти нерӯҳои алоқаманд ба онон ба иҷро мерасонад, иқдоме дар ҷиҳати таъмини субот дар кишвар, ҳимоят аз манфиатҳои миллию мазҳабӣ ва мусоидат ба таҳкими амнияту оромиш дар минтақа сурат мегирад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.