Давраи масъулиятнок барои ғаллакорон14-07-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
Бале, воқеан давраи масъулиятнок барои ғаллакорон фаро расид. Соли рафта деҳқонон ҳатто баробари тухмии кишткардаашон ҳосил нагирифта буданд. Аммо, манзараи имрӯза дигару чун баҳр алвонҷ хӯрдани ғаллазор ба чашм нур мебахшад.Мувофиқи иттилои Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз» ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич Умар Маҳмадёров тирамоҳи соли рафта деҳқонон ба майдони 6250 гектар кишти зироатҳои ғалладона, асосан ҷаву гандум кишт намуданд. Кишти баҳорӣ бошад, бештар аз 22 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Алҳол, дар хоҷагиҳои кишоварзии минтақаҳои поёнии ноҳия, Ҷамоатҳои деҳоти Яхтану Ғазантарак ва шаҳраки Ғончӣ дарави ғалладона бомаром идома дошта, то имрӯз зиёда аз 550 гектар майдони кишт ҷамъоварӣ гардиду ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз майдони обӣ 25 сентнериро ташкил намуда, ҳосилнокии майдонҳои лалмӣ низ аз 8 сентнер боло мебошад. Сарагрономи варзидаи ноҳия Баҳром Яҳёев қайд намуд, ки аз ҷумла аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Хӯҷа-Тоҳир» ки раисаш Қувондиқ Ниёзматов мебошад аз оғози кишту кор фаъолияташонро дар майдон хуб ба роҳ монда, имрӯзҳо бештар аз нисфи 266 гектар майдони ғаллазорро ҷамъоварӣ намудаанд. Бо сабаби заҳмати хуб нишон доданашон имрӯз самараи меҳнати худро гирифта истодаанд. Ҷамъоварии ҳосилро дар майдонҳои ғаллазор ба зиммаи комбайнронони ноҳияи Шаҳристон вогузошта шуда, барои онҳо ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.