Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба муҷассамаи Пешвои миллат ниёз дорем

Ба муҷассамаи Пешвои миллат ниёз дорем

8-07-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
Ба муҷассамаи Пешвои миллат ниёз доремМан ҳамчун як нафар фарзанди деҳқон ва кишоварзи касбӣ қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ва қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакатро бо хушнудӣ пазируфтам. Воқеан ҳам ин санадҳо дар шароити ҳозираи Тоҷикистон хеле муҳим ва зарурӣ мебошанд. Зеро ки онро таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва дар ҷаҳон ба амаломада тақозо мекунад.

Бо шарофати талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар тағйироту пешравиҳо ба назар мерасанд. Сатҳи камбизоатӣ ба маротиб коҳиш ёфта истодааст. Дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаву фановариҳои нав амалӣ шуда истодааст. Хусусан тавсеа ёфтани майдони боғу токзорҳо имкон медиҳад, ки истеҳсоли меваю сабзавот зиёд шуда, шароит ба миён омада истодааст, ки содироти он ба хориҷи мамлакат афзоиш дода шавад.

Дар бахши пахтакорӣ бошад, бо мусоидатҳои Пезиденти муҳтарами кишвар пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, селексионерони тоҷик аввалин шуда дар миқёси ҷаҳон ба ихтирои навъҳои нави чигити тухмии серҳосил оғоз намуданд.

Имрӯз навъи нави пахтаи маҳиннахи гулаш пӯшидаи «Клейстогамия», «Хуҷанд-01М» «Авесто» ва навъи пахтаи сафеди миёнанахи «20-солагии Истиқлолият» бо сифатнокӣ ва серҳосилӣ машҳури ҷаҳон гаштааст. Ҳосилнокии ин навъҳои нави пахта аз ҳар гектар то ба 45 сентнерӣ мерасад. Ҳамин гуна шароит муҳайё бошад, мо имкон дорем, ки навъҳои наву серҳосилтарро боз ихтироъ намоем.

Ҳамаи ин муваффақиятҳоро ман аз хизматҳои барҷастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонам. Ӯ ба ҳама гуна арҷгузориву қадрдонӣ меарзад. Пешниҳод мекунам, ки ба Пешвои миллат унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон бори дуюм сазовор дониста шавад ва аз тариқи муқаррароти ҳуқуқию қонунӣ ба Ҷоизаи байналмилалии Нобел манзур гардад.

Ман ҷонибдори он ҳастам, ки муҷассамаи Ҷаноби Олӣ дар яке аз майдонҳои пойтахти давлати тоҷикон гузошта шавад. Вақте ки қонун дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба тасвиб расид, месазад, ки дар баробари он муҷассамаи Пешвои миллат ҳам қомат афрозад. Бигзор мардуми тоҷик ва меҳмонони аз дуру наздик омада ба ин шоҳкории сохташаванда-ҳайкали Пезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигариста, аз он ифтихор намоянд, ки ӯ шахсияти маҳбуби миллат аст ва барои устувории сулҳу субот фидокориҳо нишон додааст.
Сайфиддин Садриддинов, олими соҳаи пахтакории кишвар, Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви Иттиҳодияи журналистони ҷумҳурӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: