Ваҳдат: Мактаббачагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд12-07-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии литсеи Темур Собиров дар шаҳри Ваҳдат барои солимгардонии кӯдакону наврасон барои 60 нафар мактаббачагон истироҳатгоҳ ташкил карда шуд.
Тавре Амиршоҳ Яқубов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат иттилоъ дод, дар истироҳатгоҳ шароити истироҳату фароғат таъмин буда, ба мактаббачагон се вақт хӯроки гарм дода мешавад ва муҳим аз ҳама бо онҳо бозиҳои гуногуни шавқовар аз қабилӣ «Офарин», «Кани духтарон», «Кани писарон» ва шашкаву шоҳмот гузаронида шуд, ки ба мактаббачагон писанд гардид. Роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии литсеи Темур Собиров бинобар натиҷаи хуб додани ташаббус тасмим гирифтаанд, ки дар соли оянда чунин истироҳатгоҳҳоро барои зиёда аз 100 нафар ташкил намоянд. Ёдовар мешавем, ки ҳамасола пас аз анҷом соли хониш барои солимгардонии мактаббачагон дар асоси фармони вазири маориф ва илми кишвар дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ истироҳатгоҳҳои гуногун ташкил карда мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.