Дастури Пешвои миллат амалӣ мешавад5-07-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзҳои офати табиие, ки дар ҷамоатҳои шаҳраки Мирзо Турсунзода ва Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба хоҷагии халқ хисороти азим ворид намуда буд, қатори ҳамкорону хешу табор раиси кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Шаҳринав Абдуҷаббор Сатторов ба маҳаллаи мо омада, мо зарардидагонро дилбардорӣ ва дар рафъи оқибатҳои офат танҳо набуданамонро изҳор менамуд. Ӯро ҷавони тануманду кушодачеҳрае ҳамроҳӣ карда, бо дидани хонаи чаппагаштаам, аз ман боисрор хоҳиш мекард, ки ягон камбудие бошад, баён кунем, то ба имдодамон расад. Ба А.Сатторову шарикаш арзи миннатдорӣ карда, ба чой таклифашон кардем. Изҳор доштанд, ки ният доранд нисфирӯзӣ барои сокинони дучори офатгардидаи маҳал хӯрок таҳия намоянду ин таклифи маро рад карданд.
Пас аз чанде бо раиси комиҷроия А. Сатторов вохӯрдаму баъди аҳволпурсӣ аз киву чикора будани ҳамраҳи онрӯзааш пурсон шудам. «Шумо ҳоҷӣ Мирзоалиро дар назар доред», бо табассуми малеҳ ҷавоб дод мусоҳибам ва илова намуд, ки номбурда яке аз фаъолони ҳизб дар ноҳияи Шаҳринав дониста шуда, дар аксари амалҳои хайриявии маҳал бо мо ҳамкории қавӣ дорад. Феълан ин соҳибкор сарпарастии боғчаи бачагонаи рақами ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и ноҳияи Шаҳринав, инчунин хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзодаро бар уҳда дошта, дар баробари ин амали наҷиби худ муассисаҳои таълимиву марказҳои саломатии деҳоти ноҳияро бо техника ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин менамояд. Ба ин амалҳои хайрхоҳонаи соҳибкор мутаваҷҷеҳ шудани маро пайхас карда, раиси комиҷроия пешниҳод намуд, ки агар хоҳиши бо фаъолияти сарвари кулли ҶДММ «Ланит» Мирзоалӣ Маҷидов ошноӣ пайдо карданро доред, метавонед бо суҳбати хоса оид ба фаъолияти соҳибкориву амалҳои хайрхоҳонааш маълумоти муфассал пайдо намоед. Қарор кардам, ки чунин ҳам мекунам. Вале пас аз алоқаи телефонӣ номбурда бо меҳрубонӣ изҳор дошт, ҳар амале, ки барои дастгирии қишри ниёзманд ба ҷой меоварад, бо амри виҷдон ва роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат , Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад. Ин вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост. Мо дар чунин ҷомеаи озод кору фаъолият карда, роҳбарияти давлат барои фаъолияти озодонаи мо соҳибкорон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Аз ин рӯ муваззаф ҳастем, ки барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошем. Дар иҷрои амалҳои хайрхоҳона ман танҳо нестаму хушбахтона дастур ва супоришҳои Сарвари давлат дар хусуси дастгирии нафарони эҳтиёҷманд дар ҷомеаи кишвар ҳамовозии ҳамаҷониба пайдо кардааст. Пас аз алоқаи телефонӣ қарор кардам, ки ҳарчанд номбурда барои расонаӣ кардани амалҳояш хоксорӣ мекунад, бо дарёфти маълумоти мукаммал эҳсонкориашро тавассути навиштае пешниҳоди хонандагон намоям, то ки сафи чунин эҳсонкорон ҳар чи бештар бошад. Ин нияти маро раиси комиҷроия дастгирӣ намуда, гуфт, ки омодааст, дар бораи ҳамкории ҶДММ «Ланит» бо комиҷроия маълумоти заруриро дар шакли расму навор ва хаттӣ омода намояд. Чунин ҳам шуд. Бастае, ки ба ман дастрас шуд, яқин намуд, ки ин соҳибкор ба ғайр аз сарпарастии ширхоргоҳ- кӯдакистону таълимгоҳи рақами 15 ва маркази саломатӣ дар арафаи ҷашнҳо сокинони камбизоати ҷамоатҳои «Истиқлол»-и ноҳияи Шаҳринав, «Чортеппа»-и ноҳияи Рӯдакӣ, хонаи кӯдакони ноҳияи Шаҳринав, хона- интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода, мактаб –интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринавро бо маводи ғизоӣ таъмин менамудааст. Бахусус кандани чоҳи артезианӣ барои мактаби деҳаи Чоряккорон ва кашидани хати озоди барқ ба ин муассисаи таълимиву мактаби рақами 15-и ноҳияи Шаҳринав, мушкилоти таъмини оби нӯшокиву дар фаслҳои сармо аз барқ таъмин будани таълимгоҳҳои номбурдаро ҳал карда тавонист. Аз маълумотнома ва тамошои чорабиниҳои мухталиф тавассути дискҳои комиҷроия муҳайёнамуда, ки бо дастгирии ин соҳибкор ҳизбиён дар маҳалҳои мухталифи ноҳия ба иҷро расонида бармеояд, ки дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб ҷиҳати амалӣ намудани алоқаи доимӣ бо ҷомеа ва бо меҳнати софдилонаю садоқатмандона саҳм гирифтан дар пешрафт ва рушду тараққиёти кишвар инъикоси худро дар фаъолияти рӯзмарраи ҳизбиён ёфтааст. Вақте ки ин андешаҳоямро ба раиси комиҷроия А.Сатторов гуфтам, номбурда илова намуд, ки хушбахтона имрӯз нақши пешоҳангии ҲХДТ рушан ба назар расида, ҳар як аъзои ҳизб фаъолияти худро дар ҷодаи рушду тараққиёти Ватани маҳбуб равона кардааст. Вале мо аз фаъолияти худ ҳаргиз қаноатманд нестему тамоми нерӯи худро баҳри он равона месозем, ки ноҳияи мо дар радифи дигар минтақаҳои мамлакат ба диёри ободу ҷомеаи пешрафтаи кишвар табдил ёбад. Маъруфи Бобораҷаб PS: Замоне, ки мавод омодаи чоп мешуд, аз кумитаи иҷроияи ноҳия Шаҳринав иттилоъ доданд, ки соҳибкор М. Маҷидов дар арафаи иди моҳи шарифи Рамазон ба ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва муассисаҳои таълимӣ маводи озуқа дастрас намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.